Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
дошта калимаҳои дигарро ба худ тобеъ мекунанд: Ғурриши ғор ва нолаи аз ҷангал барояндаро худам бо гӯши худ шунида будам (С. Айнӣ). Ӯ фармони ба воситаи қушбегӣ аз амир гирифтаашро аз бағал бароварда... (С. Айнӣ). Ин ҷанг мудофиаи боғу бӯстони бо мубориза ва меҳнати қаҳрамонона парваришёфтаи мо мебошад (А. Деҳотӣ).
Хусусан сифатҳои феълии гузаранда пуркунандаи бевоситаро вобаста намуда, яке аз хусусиятҳои барҷастаи феълии худро зоҳир менамоянд: Киштибон ки ин ҳолро дид, ба одами гупсарро дар об фароранда... гуфт (С. Айнӣ). Барфи рӯи пайраҳаро пӯшида дар зери пои Рустамов ғиҷиррос мезад (Ф. Ниёзӣ). Холаи ҷома дӯхта истодагӣ аз паси айнак ба писарчааш нигарист (П. Толис). Мо ҳам колхоз ташкил дода-нӣ (Ч. Икромӣ). Мон ки урфу одатҳои занро каниз, мардро ғулом мекардагӣ аз миён бардошта шаванд (Ҳ. Карим).
Сифатҳои феълии замони гузашта, замони ҳозираю оянда ва ҳозираи муайян ғайр аз пуркунанда калимаҳоеро ба ибораи худ дохил менамоянд, ки субъекти амал шуда омадаанд: Чӯбҳои ман ба ҳавз фиристодагӣ чӯбҳои тут буданд (С. Айнӣ). Бо бригадаи дар он шавҳараш кор мекардагӣ мусобиқа баста буд (Ҳ. Карим). Агар чизи вай ёд дода истодаро дуруст гуфта натавонад... (С. Айнӣ).— Ака бой... ғуломон-ку бо мошпиёбеи Қалмоқоим гарм карда медодагӣ шикамашон-ро сер мекарданд, аммо мо ба тӯй омада, бо чӣ чиз шика-мамонро сер мекунем? (С. Айнӣ).
Сифати феълӣ намуди мутлақ ва давомнокро ҳам ифода менамояд. Сифатҳои феълии намуди мутлақ анҷом ва натиҷанокии амалро нишон медиҳад: Нақшҳои ҷангии Павел тартибдода ба Пӯлод ниҳоят маъқул шуд (Р. Ҷалил). Ҳамон чизҳои ба чашми худ дидаатро гуфта деҳ (С. Айнӣ). Занаш Аноргул дар таги новаи чашма як тағора либоси шустаашро ба об чайқонда истода буд (С. Улуғзода). Мӯйлабҳои тамоман тарошидашуда аз сифатҳои муштараки ин ду кас буданд (С. Айнӣ). Аз оши палави ман бурда додагӣ ба ту ҳам доданд? (С. Айнӣ).
Намуди мутлақ махсусан ба воситаи баъзе феълҳои ёридиҳанда равшантар ифода мегардад: Хосият дастархони барои тӯйравӣ тахт карда мондагиашро оварда, дар рӯи сандалӣ гузошт (С. Улуғзода), Суханҳои чида гирифтаашро ба хӯҷаин ва баъд ба волостной бурда расонад (Р. Ҷалил). Ҳамсӯҳбати ман аз чойники бо рӯймолча печонда мондагиаш як пиёла чой кашида нӯшид (С. Айнӣ). Лабҳои ба ханда кушода шуда рафтаашро ба ҳам кашида натавониста чанд сония нигоҳ карда истод (С. Айнӣ). Нонҳои дар вақти гурез пухта овардаашонро шамол медоданд (С. Айнӣ). Ба гумонам, дар майнааш гапҳои талху тунди ба мағзи устухон рафта мерасидагиро ҷамъ мекард (Р. Ҷалил).
Сифатҳои феълии намуди давомнок амали нотамом давомнокро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор