Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аммо нисбат ба сифатҳои феълии ёридиҳандаи феълҳои «гаштан», «нишастан», «хобидан» сифати феълии ёридиҳандаи «истодан» бештар хусусияти грамматикӣ пайдо кардааст.

Ҳатто худи шаклҳои сифатҳои феълии замони гузаштаи феълҳои «истодан», «гаштан», «нишастан», «хобидан» ва «доштан» зоҳиран гузашта бошанд ҳам, замони ҳозираро мефаҳмонанд ва амали бо хабар дар як замон воқеъгардидаро ифода мекунанд: Ҳов, ҳамон ҷавони дар гӯшаи хона нишастагӣ набераи ман аст (Р. Ҷалил). Рафиқони маълумоти олӣ доштагӣ дар гурӯҳи алоҳида таҳсил мекунанд («Тоҷикистони Сурх»). Барои чӣ шумо гӯсолаи ором истодагиро мезанед (Латифаҳо). Одамони дар болои бом истода сатилу машқҳоро аз дасти обкашҳо ба бом кашида бароварда ба тарафи оташ мепошиданд (Айнӣ). Ҷавони дар поён нишаста ҷойро дам кард (Айнӣ). Зогони дар шохи садаҳо нишаста аз гудуки автобус тарсида ба ҳаво париданд (Улуғзода).

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайян гузаранда (бароварда истода, дӯхта истодагӣ, навохта истода, гуфта истода) ва монда (гиристаистода, ларзидаистода, тайёр шудаистода, баромадаистода, шоридаистода, гурехтаистодагӣ) мешаванд.

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайяни гузаранда амалеро мефаҳмонанд, ки ба объект бевосита равона мешавад: Холаи ҷома дӯхта истодагӣ аз паси айнак ба писарчааш нигарист (Толис). Аз дур суруди духтарони ангур чидаистода ба гӯш мерасид (газета).

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайяни монда фақат амалу ҳолат ё ҳаракати субъектро ифода мекунанд ва пуркунандаи бевоситаро гирифта наметавонанд: Танҳо чашмони навакак бо андӯҳи бепоён гиристаистодаи худро бо остин пок карда, ба он одам табассумкунон менигаристам (Айнӣ). Дар шӯълаи сӯхтору тарқишҳои тир ман хуни аз сари ӯ шоридаистодаро дидам (Р. Ҷалил). Қанд ба бадани аз сардӣ ларзидаистодаи ӯ гармӣ дод (Айнӣ). Аз тарқиши дар аҳволи дар берун рӯй додаистодаро мушоҳида намуд (Ҳ. Карим).

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайян ҳамчун феъл се тарз доранд: тарзи фоил, тарзи мафҳул ва тарзи миёна.

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайяни тарзи фоил бо феъли гузаранда ифода мешаванд ва одатан объекти бевосита мегиранд: Шамоли сахт вазида, пулакҳои сафедори акнун барг баровардаистодаро мерезонд (Р. Ҷалил).

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайяни тарзи мафҳул бо феълҳои гузаранда ва феъли ёридиҳандаи «шудан» ифода мешаванд: Шунаванда садои ба ҳам пайвасти бо рез навохта шудаистодаи тори рубоб гумон мекард (Айнӣ). Чашмони гӯсфандии нармниғоҳи ӯ монанди чашми шери ба ҷанг тайёр шудаистода бо оташи ғазаб шӯълавар гардиданд (Айнӣ). Ин гапи Назир мерган ҳусни таваҷҷӯҳи ҷамоати дудила

пешина
аз 457
навбатӣ