Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

шуда истодаро якбора ба тарафи Аноргул ва Восеъ гардонд (Улуғзода).

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайяни тарзи миёна бо феълҳои монда ифода мешаванд. Объекти бевосита гирифта наметавонанд. Онҳо фақат амалу ҳолат ва ҳаракати субъектро мефаҳмонанд: Аз ҷои ба шифт часпидаистодаи девор як сӯрохи равзанворе кушода, дар он ҷо як ғарғараи оҳанинро шинонданд (Айнӣ). Соро аз ҷояш хеста, ба ояндаи аз дар баромада истодагӣ рӯ ба рӯ шуда дид (Айнӣ, Ятим). Обҳои бар рӯи оташ пошхӯрда монанди обе, ки дар деги равғани доги даргирифтаистода рехта шуда бошад, оташро боз ҳам шӯълавартар мекарданд (Айнӣ).

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайян хосияти вобастакунии феълии худро нигоҳ медоранд ва ибораҳои сифати феълии замони ҳозираи муайян месозанд: Бача аз берун омада, рост истода ба акси аз даруни оина намудаистодаи Ятим диққат карда нигоҳ карда монд (Айнӣ). Дар Покистон, дар шаҳри Қарочӣ, як ходими тараққипарвар ба ман гуфт: «Мо худро солдати сулҳ эълон кардем, зеро намехоҳем, ки халқи аз офатҳои табиӣ мурдаистодаи мо дар натиҷаи ҷанг ҳалок гардад» (Турсунзода). Ин вақт одами бо диққат нигоҳ карда истодагӣ бараъло дида метавонист (Р. Ҷалил). Тамоми воқеаҳои ҳозир дар рӯи олам шуда истодагиро як ба як гуфта додан гирифт (Ҳ. Карим).

Ибораҳои дигари сифатҳои феълии замони ҳозираи муайян ба воситаи алоқаи ҳамроҳӣ ба амал меоянд: Моҳи акнун баромадаистодаро тамошо карда хобида буд (Айнӣ). Сухани паст-паст гуфтаистодаи ҳамон профессор ба гӯши ҳама равшану гӯё мерасид (Р. Ҷалил). Баъд онро пора-пора намуда, ба печкаки гуррос зада сӯхта истодагӣ партофт (Р. Ҷалил).

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайян, пеш аз ҳама, ба вазифаи муайянкунанда низ меоянд: Ҳар рӯз чанд соат барзиёд кор карда ҳамин пахтаҳои сӯхтаистодаро кафонда паҳн карда партоем (Айнӣ). Қозҳо пойҳои ба таҳти шикам кашидаистодаашонҳо ҳам ба кор дароварда дупоя гурехтанд (Латифаҳо). Дар сари фаввора меистод ва аз зарраҳои ба рӯ-яш задаистодаи об лаззат мебурд (Р. Ҷалил). Як дастаи ка-лони сарбозони аз қалъа баромадаистода низ намудор гарди-данд (Улуғзода).

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайяни шакли якум ба вазифаи ҳол меоянд: Оқил амак... як оҳи пурдард каши-да истода ба гапаш давом намуд (Икромӣ). Нуралӣ аз пеши тамошобинон гузашта истода ба тарафи онҳо як назар ан-дохт (Улуғзода). Гулрӯ гӯсоларо аз дари кӯча бароварда ис-тода, пеш аз ҳама, ба бошишгоҳи аскарони сурх назар ан-дохт (Р. Ҷалил).

Сифатҳои феълии замони ҳозираи муайян, хусусан шак-ли дуюм, хеле устуворанд. Онҳо категорияи замон ва намуди

пешина
аз 457
навбатӣ