Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
йӯрға, аниқ, қимиз, ем, қутос, қавоқ, қош, келин, ирим, бой, бойбача, босмачӣ, қӯрбошӣ, оқподшоҳ ва ғайра пеш аз он ки дар осори хаттӣ қайд шаванд, дар забони халқ кор фармуда мешуданд. Аксари ин қабил калимаҳо ҳоло дар забони умумихалқии тоҷик васеъ истеъмол мешаванд.
Аз забони узбекӣ ба воситаи манбаъҳои хаттӣ калимаҳо камтар қабул шудаанд. Аксари калимаҳои узбекӣ, ки ба воситаи манбаъҳои хаттӣ ба забони тоҷикӣ гузаштаанд, ҳоло ба архаизмҳо мансубанд. Тӯқсабо, қӯшбегӣ, оқоэшикбошӣ, лашкарбошӣ, тамғо, ярлик, элчӣ, хон, хоқон, бек, чопар ва ғайра аз ҳамин қабил калимаҳоанд, ки онҳо дар адабиёти ҳозира фақат барои ифодаи воқеаҳои муҳити муайяни таърихӣ истеъмол мешаванд.
Ба ҳамин тариқ, калимаҳои узбекӣ дар давраҳои гуногуни ташаккули забони тоҷикӣ ҳам дар забони хаттӣ ва ҳам дар забони гуфтугӯӣ мувофиқи қонуну қоидаҳои дохилии забони тоҷикӣ истеъмол шуда, бо унсурҳои дигари луғавии он муносибатҳои гуногуни лексикӣ ва грамматикӣ пайдо намудаанд. Калимаҳои узбекии ба тоҷикӣ дохилшуда ба воситаи унсурҳои лексикӣ-грамматикии дигар барои сохтани калимаҳои нав истифода мешаванд, бо гурӯҳҳои мухталифи лексикӣ дар муносибатҳои гуногуни маъной воқеъ мегарданд. Масалан, калимаҳои қишлоқ, қаравул, қамчин бо калимаҳои тоҷикии деҳа, посбон, тозиёна дар муносибати синонимӣ воқеъ шуда бошанд, калимаи бой бо калимаи «камбағал»-и тоҷикӣ муносибати антонимӣ пайдо кардааст.
Дар ин гуна муносибатҳои маъноию лексикии калимаҳои иқтибосии узбекӣ баъзе хусусиятҳои дигарро низ дидан мумкин аст. Албатта, баъзе калимаҳои узбекӣ ба тоҷикӣ бо мафҳумҳои нав дохил шудаанд (қароқӯл, қимиз, тӯққуз ва ғайра). Як қатор калимаҳои иқтибосии узбекӣ дар забони тоҷикӣ синонимҳои худро дошта бошанд ҳам, ин синонимҳо оҳиста-оҳиста аз истеъмол баромадаанд ва баъзе аз ин қабил синонимҳо архаизмҳои семантикиро ташкил намудаанд. Масалан, қамчин — тозиёна, узангу — рикоб, қайроқ — фасон, тӯй — сур ва ғайра. Баъзе калимаҳои иқтибосии узбекӣ синонимҳои тоҷикӣ дошта бошанд ҳам, аз ҷиҳати ифоданокии конкретиашон фарқ мекунанд. Масалан, калимаҳои тоҷикии парда, шабнам, шодиёна аз як ҷиҳат бо калимаҳои узбекии чимилиқ, қирав, севанчӣ синониманд, вале аз ҷиҳати конкрет будани маънояшон аз калимаҳои зикршудаи тоҷикӣ фарқ мекунанд.
Тамоман аз худ шуда рафтани калимаҳои иқтибосии узбекиро ба воситаи аз назар гузарондани таркиби як қатор ибора ва зарбулмасалу мақолҳо низ дарк намудан мумкин аст. Масалан, аспи қашқа; аспи калони тӯрук; чакмани қокма; давои қурут — оби ҷӯш; кӯҳро занад, талқон мекунад; сир бой надодан; ба аспи бад сад қамчин; ба оши тайёр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё