Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Намоёнтарин намунаи манбаъҳои таърихии ин давра — «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидиддини Фазлуллоро аз назар гузаронида, ба бисёр калимаҳои туркӣ ва муғулӣ, аз қабили оқо, яроқ, қадоқ, кудо, анда, ярғу, қаровул, есо, ёсомишӣ ва ғайра дучор мешавем, ки ҳолат, мафҳумҳои хешутаборӣ, мансабу мартаба, қонуну қоидаҳои давлатдории қавмҳои муғул ва туркнажодро ифода менамоянд. Истеъмол шудани калимаҳои туркиро дар эҷодиёти бузургтарин шоири ин замон Саъдии Шерозӣ низ дидан мумкин аст.

Биё, то дар ин шева чолиш кунем,
Сари хасмро санг болиш кунем.

Ё ки:

Саъдӣ дигар бор аз ватан азми сафар кардӣ чаро?
Аз дасти он турки хито ярғу ба хоқон мебарам.

Дар асарҳои таърихӣ, адабӣ, дидактикӣ ва ғайра истеъмол шудани босқоқ (амалдори ҳарбӣ дар лашкар), ялвуҷ (пешвои дин), эл (қавм), тамғо барин калимаҳо ба ҳамин давра тааллуқ доранд.

Процесси ба забони якдигар гузаштани воҳидҳои луғавии тоҷикиву узбекӣ, хусусан, аз давраи ташаккули адабиёти классикии ӯзбек ва вусъати робитаҳои эҷодии шоиру нависандагони ин ду халқ боз ҳам авҷ мегирад. Шароит ва муносибатҳои минбаъдаи таърихӣ низ ба ин процесс таъсири зӯр расониданд.

Аз ибтидои асри XVI сар карда халқҳои тоҷику узбек дар як сарзамин дар вазъияти дӯстиву ҳамкорӣ умр ба сар бурда, муносибатҳои зичи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва адабӣ доштанд, ки ҳамаи ин ба забон бе таъсир намондааст. То Революцияи Кабири Социалистии Октябрь дар манбаъҳои хаттии забони тоҷикӣ истеъмоли як силсила калимаҳои узбекӣ, аз қабили: урду, байрақ (байроқ), қаймоқ, элак, юриш, қӯшун, оқсаққол, бек, бегим, хоним, қӯшбегӣ, тӯра, элчӣ, қамчин, қашав, ялав, қишлоқ, яйлок, йӯрга ва ғайра мушоҳида мешавад. Аз тарафи дигар, як гурӯҳ калимаҳои узбекӣ, монандӣ: чуқур, қизиқ, қудуқ, қуллуқ, кундоқ, бутун, йӯрма, қилиқ, қуроқ, ямоқ, қашқа, қапқон, қурут, экизак, эрка, қайроқ, куюқ, қалин, ихчам ва ғайра батадриҷ ба забони зиндаи гуфтугӯии халқ дохил шудаанд, ки баъдтар бештари онҳо ба забони адабӣ гузаштаанд. Ин хусусияти муҳими иқтибоси калимаҳои узбекӣ ба шумори меравад. Умумияти шароит ва дар бисёр маҳалҳо дузабона будани аҳолӣ барои дар забонҳои якдигар аз худ шудан ва ба омма фаҳмо гардидани калимаҳо мусоидат кардааст. Масалан, калимаҳои йигит, қилич, милтиқ, аралаш, бӯрдоқӣ, қавурма, қавурдоқ,

пешина
аз 457
навбатӣ