Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

синаи Қаротегин — Ғармро тамоман пахш кардаӣ буд, дар ҳамин фурсате, ки ӯрдуи разил гилемҳои сабзи айёми баҳорони кӯҳистонро бо хуни Назари панҷяккор, сафармардикорҳо сурхранг гардондаӣ буд, умедҳои охирин-чанд нафаре аз ҷонбозони дастаи худмудофиа дар пости чорум ҷон медоданду ҷон мегирифтанд (Ҳ. Карим). Мо ҳам колхоз ташкил додаӣ (Икромӣ). Ин ҷавон кӯзаро аз дасташ гирифта бурда доданист (Р. Ҷалил).

Агар дар сифати феълии замони оянда хусусиятҳои грамматикии замон, тарз ва намуд, махсусан хосияти вобастакунии калимаҳо суст шаванд ва аломати доимии предмет ифода гардад, албатта ба категорияи сифат мегузарад: Ӯ дар таомхӯрӣ ва нигоҳ доштани чизҳои хӯрдани озода буд (Айнӣ). Ғоиб-амак як чойник оби нӯшиданӣ овард (Улуғзода).

Ин сифатҳои феълӣ ба сифатҳо махсусан он гоҳ наздик мешаванд, ки дар ҷумла бо он чида шуда оянд: Мавсими баҳор солҳои ҷавонии одамӣ барин азиз, латиф, зебо, фаромӯш ношуданӣ (Р. Ҷалил). Ҳа, вай худаш духтари шудани ва қадбаланд аст (Икромӣ).

Сифатҳои феълии замони оянда дар ҷумла ба вазифаи исм низ меоянд: Зебӣ дар хонааш аз хӯрдани чизе надошт (Улуғзода). Хӯрдани ва шириниҳо дар лаълӣ оварда мешуданд (Улуғзода).

ФЕЪЛИ ҲОЛ

Феъли ҳол одатан амалу ҳолатеро, ки ҳамчун аломати феъли асосӣ воқеъ мешавад, ифода менамояд.

Феъли ҳол амали иловагии ба феъли асосӣ пайравбударо мефаҳмонад. Вай барои эзоҳи ҳам феълҳои тасрифӣ ва ҳам тасрифнашаванда меояд: Ҳар сол, ки ту ҷилвакунон омаӣ, додгӯён то ба гӯри падарам рафтанам ба ёдам мерасид (Ҳ. Карим). Зевар аз он сӯ табассукунон меомад (Муҳаммадиев). Ту ба обҳои бозикунон боло ҷаҳандаи фонтан нигоҳ мекунӣ (Икромӣ). Гурӯҳе гапҳои обдори ӯро шунида, қаҳқосзанон хандида пароканда шуданд (Айнӣ).

Феъли ҳол монанди зарфҳо дар алоқамандии калимаҳо тағйир намеёбад. Вай дорои хусусиятҳои феъл ва зарф мебошад. Барои ҳамин онро зарфи феълӣ ҳам меноманд. Дар забони тоҷикӣ феъли ҳол фақат як шакли махсус дорад, ки онро феъли ҳоли замони ҳозира меноманд.

Чӣ тавре ки дар боло гуфта будем, баъзе забоншиносон шаклҳои якуми сифатҳои феълии замони гузашта ва замони ҳозираи муайянро сифатҳои феълӣ-феълҳои ҳол номидаанд. Дар ҳақиқат, ин шаклҳо ҳамчун ҳол фаровон кор фармуда мешаванд ва хусусиятҳои феълии худро дар ҳамин вазифа

пешина
аз 457
навбатӣ