Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

нави тараққиёти забони адабии тоҷик роли прогрессивӣ бозидааст. Калимаҳои русӣ-интернационалӣ на танҳо мафҳумҳои муайянро аниқу равшан ифода намуда, таркиби луғавии забонро бой ва пурмазмун гардонидаанд, балки дар шароити инкишофи ҳарҷонибаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва маданияти он барои ба вуҷуд овардан ва такмили терминологияи илмӣ-техникии забони тоҷикӣ низ васеъ истифода шудаанд. Иқтибоси калимаҳои русӣ-интернационалӣ барои тараққиёти минбаъдаи забони адабии тоҷик, барои боз ҳам такмил ёфта бой шудани таркиби луғавӣ минбаъд ҳам давом хоҳад кард.

ТАРКИБИ ЛУҒАВИИ ЗАБОНИ ҲОЗИРАИ ТОҶИК

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин мебошад. Забони халқи тоҷик забони миллии вай аст, ки дар натиҷаи пайваста ва муттасил аз худ кардани хусусиятҳои беҳтарини забони адабии давраи тоинқилобӣ ва забони зиндаи гуфтугӯии мардуми тоҷик таърихан ташаккул ёфтааст. Забони миллии тоҷик ҳамчун забони миллати социалистӣ рӯз то рӯз бой шуда, такмил ёфта, боз ҳам салис ва равону суфта шуда истодааст.

Забони тоҷикӣ аз рӯзҳои аввалини Республики Советтии Социалистии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти меҳнатии халқи тоҷик, дар муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании он аз омилҳои асосии мубодилаи афкори ҷамъиятии ӯ буд. Халқи тоҷик дар замони советӣ, дар солҳои сохтмони ҷамъияти социалистӣ ба муваффақиятҳои дар таърих мислаҳ диданашуда соҳиб шуд. Тоҷикистон аз сарзамини аграрии қафомонда ба републикаи саноатӣ, дорои хоҷагии қишлоқи механиконидашуда, аҳолиаш сар то сар босавод ва маданӣ табдил ёфт.

Тараққиёти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва адабию мадании халқи тоҷик роҳҳои инкишофи тадриҷӣ ва такмилу
бойшавии забони адабии тоҷикро муайян намудаанд. Муваффақиятҳои ҳаёти иқтисодии халқи тоҷик, ривоҷу равнақи
маданияти шаклан миллию мазмунан социалистии ӯ забони
адабии тоҷикро ҳамчун воситаи асосии мубодилаи афкори
халқи тоҷик чи дар шаклу мазмун ва чи дар миқдору сифат ба пояҳои баланди такомулоташ расониданд. Дар давраи советӣ ба забони тоҷикӣ адабиёти бадеии гуногунжанри
баландмазмун, асарҳои илмӣ, техникӣ, сиёсӣ, назариявӣ ва
ғайра тадриҷан ба вуҷуд оварда шуданд. Барои инкишофи
забони тоҷик хусусан асарҳои сардафтари адабиёти советии
тоҷик Садриддин Айнӣ роли ниҳоят бузург бозидаанд. Шоиру нависандагони советии тоҷик, аҳли илму адаб, тарҷумону муҳаррирон, матбуот ва ғайра дар ривоҷу равнақи забони

40

пешина
аз 457
навбатӣ