Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

адабии тоҷик саҳми арзандае гузоштанд. Ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шудани асарҳои классикони марксизм-ленинизм, классикони адабиёти ҷаҳон, хусусан классикони адабиёти рус ва нависандагони адабиёти халқҳои бародари Иттифоқи Советӣ, асарҳои илмӣ-назариявӣ, сиёсӣ, таълимӣ ва ғайра барои инкишофу такмили минбаъдаи забони миллии тоҷик ёрии калон расонидаанд.

Шароити иҷтимоии нав, тарзи зиндагии социалистӣ муносибатҳои истеҳсолии коллективӣ, робитаҳои иқтисодиву мадании халқҳои мамлакатамон, ки Партияи Коммунистии пуршарафи мо заминаи реалии онро бунёд намуда буд, барои инкишоф ва ташаккули ақидаву ҷаҳонбинии нави мардуми мо роли ниҳоят бузург бозиданд. Ҳамаи ин вусъату ривоҷи забони миллии тоҷикро хеле тезониданд, барои боз ҳам такмил ёфтани таркиби луғавии он имкониятҳои қалонро ба вуҷуд овардаанд.

Забони тоҷикӣ дар натиҷаи ҳаматарафа тараққӣ кардани соҳаҳои гуногуни саноат — металлургия, химия, машинасозӣ, электриконӣ, истеҳсоли маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои саноати вазнин ва сабук, аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ташкилӣ инкишоф ёфта мустаҳкам гардидани хоҷагии зироат ва чорводорӣ, корҳои нақлиёт, савдо, тандурустӣ, маориф ва маданият, илму санъат ва ғайра ба бисёр калимаву ибораҳои нав соҳиб шуд.

Инкишоф ва такмили забони тоҷикиро танҳо аз ҷиҳати миқдор афзудани калимаву ибораҳо муайян намекунанд. Боигарии забон ба бисёрмаъноии калимаву ибораҳо, ба ҷиҳати фаровонии системаи маъноии онҳо низ вобаста аст.

Қисми зиёди калимаву ибораҳои тоҷикӣ сермаъно мебошанд. Бисёр гурӯҳҳои лексикаи забони тоҷикӣ дар давраи советӣ бо таъсири навигариҳои муҳиту шароит доираи семантикаи худро васеъ намуда, маъниву тобишҳои нав пайдо намудаанд.

Дар замони советӣ дар натиҷаи пурзӯршавии функцияи ҷамъиятии забони тоҷикӣ бисёр воҳидҳои луғавӣ маъноҳои нави иловагӣ гирифтанд, серистеъмолии бисёр калимаву ибораҳо доираи лексикаи забонро васеъ намуданд, барои ифодаи предмету ҳодисаву мафҳумҳои нав калимаҳои сохта, мураккаб ва таркибҳои мухталифи зиёде ба вуҷуд омаданд. Дар ин асос ролу мавқеи унсуру воситаҳои калимасозии забони тоҷикӣ аз пештара дида хеле афзуд, доираи онҳо васеҳтар гашт.

Ба инкишофи таркиби луғатӣ ва сохтӣ маъноии қабатҳои лексикӣ васеъ гаштани хусусиятҳои услубии забон низ таъсири бузург расонидааст. Тарзҳои махсуси истеъмоли гурӯҳҳои алоҳидаи лексикӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, илму маданият, матбуоту нашриёт, нақлиёту алоқа, идорау корҳои маъмурӣ ва ғайра ба ҷиҳатҳои услубии ин қабил гурӯҳҳои

пешина
аз 457
навбатӣ