Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шаклҳои калима бошанд, аз ҷиҳати сохт (дар шаклсозӣ) содда (хонам, хондам), сохта (хондаам, мехондаам) ва таркибӣ мешаванд (хонда будам, хонда истода будам, хоҳам хонд).

Морфемаҳо, ки калимаҳои нав месозанд, аффикси калимасоз ном доранд, чунончи, коргар, колхозчӣ, хониш, ҳамсоя, баақл.

Морфемаҳо, ки шаклҳои калимаро месозанд, морфемаҳои шаклсоз номида мешаванд, чунончи, хонам, хонӣ ва ғайра.

Баъзе морфемаҳо ҳам хусусияти калимасозӣ ва ҳам хусусияти шаклсозӣ доранд, чунончи, морфемаҳои -ак ва -ча дар ифодаи навозишу хурдӣ ва калимасозӣ.

Дар системаи шаклҳо, ки ба воситаи морфемаҳои гуногун ифода мешаванд, гоҳо набудани бандаке низ аҳамияти морфемагӣ дошта метавонад, чунончи, дар феъли замони гузашта хондам (шахси якум бо морфемаи -ам), дар феъли хондӣ (шахси дуюм бо морфемаи -ӣ) ифода гардида бошад, дар феъли хонд набудани морфема, набудани бандаке воситаи махсуси ифодаи шахси сеюми танҳо гардидааст.

Сохти таркибӣ бештар дар феълҳои таркибии номӣ ва феълӣ дида мешавад. Дар ин сохт исм, сифат, сифати феълӣ, шумора ва ғайра бо феъли ёридиҳанда омада, феъли таркибии номӣ ва феълӣ месозад (кор кардан, сурх шудан, бас кардан, як кардан, хонда баромадан, дида мондан ва монандӣ инҳо).

Таркиби калима. Он ҳиссаи калима, ки маънои асосӣ дар он аст, реша ном дорад. Маънои асосии калима дар реша буда, бо ёрии аффиксҳо аз он калимаҳои нав сохта мешавад. Калимаи сиёҳидонча ба чор ҳисса ҷудо мешавад: сиёҳ-й-дон-ча. Ҳар яки ин ҳиссаҳо маъно дорад: сиёҳ маънои луғавӣ дошта, рангро мефаҳмонад; ҳиссаҳои дигар маънои грамматикӣ доранд: -й ба чӣ нисбат доштани чизеро мефаҳмонад, -дон — зарфиятро ва -ча хурд будани чизро нишон медиҳад. Дар калимаи сиёҳидонча реша сиёҳ буда, аз ин реша (сиёҳ) бо илова кардани аффиксҳо калимаҳои сиёҳӣ, сиёҳак, сиёҳча, сиёҳидон сохта шудаанд. Калимаи оҳангар ба ду қисм ҷудо мешавад: оҳан-гар. Қисми оҳан маънои асосӣ дошта, предметро мефаҳмонад. Ҳиссаи -гар маънои грамматикӣ дошта, номи шахс месозад ва машғулияти касеро нишон медиҳад. Ҳиссаи -гар бо ҳамин маъно дар калимаҳои дигар ҳам дида мешавад: коргар, мисгар, чармгар.

Дар калимаҳои сиёҳӣ, оҳангар, хониш, хоно ҳиссаҳои пас аз реша омадагӣ: -й, -гар, -иш ва -о суффикс мебошанд.

Дар калимаҳои ҳамсоя, богайрат, нотарс ҳиссаҳои соя, ғайрат ва тарс реша буда, ҳиссаҳои ҳам, бо, но, ки пеш аз реша омадаанд, префикс мебошанд.

Таркиби калима аз як реша ё аз реша ва суффикс ё ки аз префикс, реша ва суффикс иборат шуда метавонад: коргар, оҳанин, нотарс, бераҳмона.

Дар калимаҳои мураккаб таркиби калима аз якчанд реша иборат аст, чунончи, китобхона, пешқадамон ва монандӣ ин.

Аффиксҳои калимасоз ва баъзе ҷузъҳои калимаҳои мураккаб аз ҷиҳати аҳамият ва роли дар калимасозии забони ҳозира доштаашон сермаҳсул, каммаҳсул ва бемаҳсул мешаванд.

Аффиксе, ки дар забони имрӯза калимаҳои нав месозад ва ё калимаҳои бо ин аффикс сохта шудазад аз нав серистеъмол шуда бошанд, аффикси сермаҳсул мешавад, чунончи, аффиксҳои -чӣ, -ӣ (-гӣ, -вӣ), -ан (колхозчӣ, тракторчӣ, садцентнерчӣ, колхозчӣ, саноатӣ, социалистӣ, комилан, қатъиян, зӯран, ҳатман).

Агар миқдор ва доираи калимасозии аффикс маҳдуд бошад, аффикси каммаҳсул мешавад, чунончи, аффиксҳои -ор, -сор (харидор, кӯҳсор, чашмасор).

Агар аффикс дар калимасозии забони имрӯза роле набозад, аффикси бемаҳсул мешавад, чунончи, аффиксҳои -ур, -ваш, -осо ва -лох (дастур, ранҷур, маҳваш, нуқраосо ва пӯстлох).

Феълҳо ду асос доранд: асоси замони ҳозира (хон, навис...) ва асоси-замони

пешина
аз 457
навбатӣ