Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

қатӣ чашмони хок пуршудаашро молида пок мекард (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Духтар бахти худашро оби чашмаш қатӣ мешӯяд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

в) Ҳати ҳаракати амал: Роҳи лаби сой қатӣ меравем (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ин роҳ қатӣ рафтан хавфнок аст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Пасояндҳои пеш, қабл, муқаддам барои ифодаи муносибати замон хизмат мекунанд. Онҳо вақти муайян ё давраи алоҳидаи замони гузаштаро, ки амал ё ҳодисае дар он рӯй додааст, нишон медиҳанд. Панҷ сол қабл барои шаҳидони ҷанг, ки аз ҳамин деҳа ба фронт рафтаанд, ҳайкали ёдгорӣ сохтаанд (Ф. Муҳаммадиев, Хиёбони Нодир). Якчанд сол муқаддам ба ман тамошои он муяссар шуда буд (А. Шукӯҳӣ, Чанд варақа аз дафтари хотира).

Пасояндҳои баъд ва пас низ дар ифодаи муносибати замон истифода мешаванд: таркибҳои онҳо замонеро мефаҳмонанд, ки пас аз воқеъ гардидани он амале, воқеае зуҳур мекунад: Омадан пас чӣ кор кардед? (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Бешкент як-ду сол пас қариб сӣ ҳазор тонна пахта медиҳад (А. Сайфуллоев, Хешовандон). Як қатор пасояндҳое, ки аз ҳисоби калимаҳои мустақил ба вазифаи калимаҳои ёридиҳанда истеъмол мешаванд, муносибати замониро ифода мекунад: замон (замоно), ҳамон, инҷониб, интараф. Масалан, муносибати пайдарҳамии якчанд амал: Вай ба хона даромадан замон модаркалонам аз Наима гап сар кард. ...мураббиро дидан замон сӯҳбатро қатъ карда ба хоб рафтанд (газ. Комсомоли Тоҷикистон).

Пасоянди боз дар забони адабии тоҷик серистеъмол буда, давомияти амалро дар давраи муайян ифода мекунад: ...агар аз даҳсолагӣ гирем, панҷоҳ сол боз меҳнат мекунам (Р. Ҷалил, Маъвои дил).

Пасояндҳои интараф, инҷониб ба забони адабӣ аз гуфтугӯ дохил шудаанд ва одатан давомияти амале ва ё вазъиятеро, ки пас аз ягон амале ва ё воқеае рӯй медиҳад, ифода мекунанд: Мо ҳам як чиз пурсӣдани омадем, лекин аз саҳар инҷониб ба навбат нишастаем (Ф. Муҳаммадиев, Мактуби беимзо).

  1. Пасояндҳои феълӣ. Ҳодисаи ба забони адабии ҳозираи тоҷик дохил шудани шаклҳои феълӣ ба вазифаи пасоянд нав буда, ҳоло давом дорад. Ба гурӯҳи пасояндҳои феълие, ки ҳамроҳи пешояндҳои аслӣ маънои релятивии ба худ хос гирифтаанд, пасояндҳои зеринро дохил кардан мумкин аст:

— дида: аз... дида. Ин пасоянд муносибати қиёсиро ифода намуда, аз маънои асосии луғавии худ қариб маҳрум шудааст: Имрӯзҳо, дар айни колхозсозии мо, аз Тӯрабек дида, Муҳаммадҷон хавфноктар шуда монд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ);

— шуда: барои ...шуда. Ин пасоянд муносибати сабабро нишон дода, ҳамроҳи пешоянди барои нигаронидани амал

пешина
аз 457
навбатӣ