Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ва ё предметеро ба хотири касе ё чизе ифода мекунад: барои Шумо шуда, ман ин ҷо омадам;
— сар карда: аз... сар карда. Ин пасоянд ибтидои амалеро дар фазо ва замон ифода мекунад: ...аз солҳои ҷавониам сар карда ... (Р. Ҷалил, Шӯроб).
ПАЙВАНДАКҲО
Пайвандакҳо ҳиссаи ёридиҳандаи нутқ буда, аъзоҳои ҷумлаи содда ва ё ҷумлаҳоро ба якдигар мепайванданд.
Дар морфология оид ба сохт ва хели пайвандакҳо маълумоти умумӣ дода мешавад. Ба тафсил омӯхтани маъноҳои гуногун ва мавқеи кор фармуда шудани пайвандакҳо вазифаи синтаксис аст.
Пайвандакҳои соддаи якҳиҷогӣ зада надоранд. Дар пайвандакҳои соддаи дуҳиҷогӣ зада, одатан, ба ҳиҷои аввал меояд: аммо, зеро, лекин.
Пайвандакҳо нисбат ба ҳиссаҳои мустақили нутқ дертар пайдо шуда, бештар аз калимаҳои мустақилмаъно ба вуҷуд омадаанд. Бо инкишофи забон доираи кор фармуда шудани пайвандакҳо ҳам тадриҷан вусъат ёфта, муносибатҳои байни калимаҳои мустақилмаъно ва ҷумлаҳоро ифода мекунанд.
Ҳиссаҳои мустақили нутқ аъзои ҷумла ва ё баъзан ҷумлаи алоҳида шуда метавонанд. Пайвандакҳо бошанд, танҳо барои пайвастани калимаҳои мустақил ва ё пайвасту тобеъ намудани ҷумлаҳо хизмат мекунанд.
Пайвандакҳо: а) калимаҳои чидаро, б) дар ҷумлаи мураккаби пайваст ҷумлаҳои соддаро, в) дар ҷумлаи мураккаби тобеъ ҷумлаи пайравро ба сарҷумла ва г) ҷумлаҳои пайрави чидаро бо якдигар мепайванданд.
СОХТИ ПАЙВАНДАКҲО
а) Пайвандакҳои содда: ва, ҳам, ё, ки, чун, то, аммо, лекин, вале, зеро, агар ва ғ.
Пайвандаки -у (-ю, -ву) бо калимаи пеш омадагӣ ҳамеша якҷоя навишта мешавад.
б) Пайвандакҳои мураккаб: чунки, азбаски, агарчи (гарчи), вагарна, набошад ва ғ.
Мисолҳо:
Мӯзадӯз сари худро ҳам карда он ҳамларо рад намуд, вагарна албатта сараш мекафид (С. Айнӣ, Куллиёт). Инҳо барои ошу нони туро хӯрдан ҷун мешаванд, вагарна ба хонаи ман чаро намераванд, чунки дар он ҷо ошу нони барзиёд нест (С. Айнӣ, Куллиёт). Агарчи ин таъбир ҳам дар асл луғати дуруст аст, аммо дар урфи Бухоро ва Шарқи он унвони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор