Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
расмӣ аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Азбаски ӯро дӯст медоштам, ҳукман мурданашро намехостам (Ҷ. Икрокӣ, Ҳикоя ва очеркҳо). Азбаски ишораҳои дасташ садо надоштанд, баъзан дилаш тангӣ карда, дар мавриди фаҳмондани аломати нуқта ба пояш полро «тӯққи» зада ҳам мемонд (А. Деҳотӣ, Асарҳои мунтахаб). Азбаски дирӯз аз сайри шаҳр бевақт омада будем, дар ресторани меҳмонхона ба ҷуз мо каси дигар набуд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Давидани Ноиб аз давидани сангпушт ҳеҷ фарқ надошт, чунки ӯ ҳам монанди Қорӣ-ишкамба шикамкалон ва фарбеҳ буда, гӯшти зери закана ва пушти сари ӯ дамида баромада, гарданашро бо шикам ва тахтапушташ ҳамрӯй карда буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Арбоб Рӯзӣ бо қувваи ҳукумати маҳаллӣ ё бо сӯиқасд ҳам Қорӣ-ишкамбаро аз саҳро дур кардан наметавонист, чунки ноиби қозикалон дӯсти наздики Қорӣ буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
в) Пайвандакҳои таркибӣ: ё ки, ё ин ки, модом ки, то ки, то ин ки, барои он ки, вақте ки (вақто ки), баъд аз он ки, баъди он ки, ҳамин ки, ҳар вақт ки, ҳангоме ки, пеш аз он ки, пас аз он ки, бозе ки, ҳоло ки, акнун ки, агарчанде ки, гарчанде ки, зеро ки, ба сабаби он ки, ба ҷои он ки, ба қадре ки, ба тарзе ки, дар ҳолате ки, бе он ки, монанди он ки, мисли он ки, чунон ки, ҳол он ки ва ғ.
Пайвандакҳои таркибӣ аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ ташкил ёфтаанд. Чунончи, пайвандаки то ки аз пайвандакҳои то ва ки сохта шудааст:
Шукурбек дар он ҷо ба ду кӯча ду санг ғурронд, то ки одамони раванда ва оянда кӯчаро холӣ кунанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман рупияҳоро ҷудо карда ба раис додам, то ки ба банки давлатӣ супорад (Ҳ. Карим, Оқшуда).
То ин ки... Инро бо оҳистагӣ ва ҳушёрӣ кардан даркор, то ин ки касе пай набарад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Дар рӯзи сеюми сар шудани ҷанг ба корхонаи худам баргашта омадам, ба сари машинаи чокдӯзӣ нишаста, ба чашм айнак гузош- там, то ин ки ба Ватанамон, каме бошад ҳам, фоидаи ман расад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Онҳоро ёфтан, ба ҷанобашон тақдим кардан даркор буд, то ин ки фош кунанд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Барои он ки, барои ин ки аз пешоянди барои, ҷонишини он ё ин ва пайвандаки ки ташкил ёфтаанд:
Онҳо, барои он ки дили пиразанро ёбанд, як ҷанговар ҷорӯбро аз дасти Фазилат-хола гирифта, ба рӯфтурӯб ёрман- дӣ карданӣ шуд (Ф. Ниёзӣ, Ҳикояҳо). Дар он ҷо аҳволам бад буд, барои он ки бисёрии хизмат хусусан хизматҳои вазнин аз фурсат ва тоқати ман зиёд буд (С. Айнӣ, Ёддошт- ҳо). Барои он ки сарсухан, дурусттараш сафсатгаи Мулло хотири хонандагонро наранҷонад, шаф-шафҳои ӯро як сӯ таҳ карда монда, рост ба болон шафтолу меоем (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор