Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Дар ҳолате ки аз пешоянди дар, исми ҳолат ва пайвандаки ки:
Лоҳутӣ, дар ҳолате ки дар чашмонаш ашки шодӣ чарх мезад, кӯдакро ба даст гирифта бӯсид (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Чинифурӯш дар ҳолате ки табассум мекард, як пиёла чой кашида ба пеши Қорӣ-ишкамба гузошт (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ногоҳ як хизматгори меҳмонхона бо шаст ворид шуда, дар ҳолате ки аз воҳимаю истироб қариб нафасаш мегирифт, пурсид (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Вай дар ҳолате ки аз дидори дӯстон ашки шодӣ дар чашмонаш чарх мезад, ин мисраъҳоро ба забон меронд (С. Улуғзода, Қисмати шоир). Таксирҷон, гапатон рост баромад! — гуфт, дар ҳолате ки ҳалмаш пухта, нафасаш қариб буд танг гардад (А. Деҳотӣ, Асарҳои мунтахаб). Ӯ, дар ҳолате ки мехобид, ба болои эҷодиёти худ фикр мекард (С. Айнӣ, Куллиёт). Кулоли пир бародарзодаашро дар беруни дар пешвоз гирифта, дар ҳолате ки аз чашмонаш ашки шодӣ мешорид, вайро ба бағал кашид (С. Улуғзода, Қисмати шоир).
Бе он ки, бе ин ки аз пешоянди бе, ҷонишини он//ин ва пайванди ки: Ғуломҳайдар, бе он ки гап занад, ғалбери пури ҷавро бардошта ба Назарбой нигоҳ кард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Агар хато накунам, Сафозода Шумоед? — гуфт ӯ бе ҳеҷ такаллуф ва бе он ки қалбан салому алек кунад (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Зебо, бе он ки чашмашро кушода тавонад, дастони худро ёзонда ҳозир гӯён ба вай хушомад мегуфт (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба модарам дилбаста ва меҳрубон буд, дар кору бори хона худаш, бе он ки модарам гӯяд, ба ӯ ёрӣ медод (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дарбон бачагонро, бе он ки худаш дарояд, ба ҳузури амир даровард (С. Айнӣ, Куллиёт).
Пайвандакҳои таркибии ба дараҷае ки, ба тарзе ки, ба андозае ки аз пешоянди ба, исмҳои дараҷа, тарз, андоза ва пайвандаки ки ташкил ёфтаанд:
Шунидани саргузашти Шариф ба Одина хеле таъсир гузошта буд, ба андозае ки қариб буд, фоҷиаҳои худро аз хотираш баровард (С. Айнӣ, Куллиёт). Бояд душманонро ба андозае ки дигар сар бардошта натавонанд, мезаданд ва маҳв мекарданд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Баъд аз ба ҳуш омадан ба рӯйканӣ ва мӯйканӣ оғоз кард, ба андозае ки мӯи сафедаш аз хуни рухсораш лолагун гардид (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Инчунин ҷадидҳоро ҳам танҳо аз забони уламо ва амалдорони онвақта, ба тарзе ки онҳо ҳамон вақтҳо ҳамон тарз дастур медоданд, тасвир намуда, тафсили моҳияти синфи ҷадидизм ва ҷадидҳоро ба романҳои «Дохунда»
ва «Ғуломон»-и худ ҳавола намудам (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Миршаб ба тарафи дарвозаи арк нигоҳ карда, ба дараҷае ки қариб буд сараш ба замин бирасад, ҳам шуда се-чор бор таъзим кард (С. Айнӣ, Куллиёт).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор