Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Пайвандаки таркибӣ вақте ки, дар вақте ки.
Пайвандаки якум аз исми вақт ва пайвандаки ки, пайвандаки дуюм аз пешоянди дар, исми вақт ва пайвандаки ки сохта шудааст:
Вақте ки резаворфурӯш хӯрчинро ба китфаш партофта ба бозор равон шуд, мо ҳам аз қафояш рафтем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Вақте ки мо аз деҳа баромадем, амакам охирин бор ба падарам гуфт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар вақте ки ман мехоҳам акнун ба сари худ кор карда, ба сари худ зиндагонӣ кунам, шумоён ҳамин чор таноб заминро ҳам аз дасти ман гирифтанӣ шавед, ман розӣ шуда наметавонам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Вақте ки як пайт бозӣ тамом шуд, доира ва сурудхонӣ хомӯш гашт (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Вақте ки маҷлис сар шуд, офтоб рост ба болои сар омада буд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Вақте ки ба хона баргаштам, ҳамсафаронам машғули ношто буданд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).
Пайвандакҳои пас аз он ки, пеш аз он ки, баъд аз он ки аз зарфҳои пас, пеш, баъд, пешоянди аз, ҷонишини он ва пайвандаки ки таркиб ёфтаанд:
Пас аз он ки Сӯфӣ ҳам расида омада дилтангона овоз баровард, аз дарун Фирӯза лаббай гуфта баромад ва дарвозаро кушод (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Пас аз он ки пурсиши пирамард ба поён расид, сардор ҳам аз пирамард ба тадбири дар боло навишташуда аҳволпурсӣ карда ҷавоб гирифт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Пас аз он ки дар меҳмонхона ҷо гирифтем, барои чойнӯшӣ ба чойхона — ошхонаи тобистонаи шаҳр рафта даромадем (Ҷ. Икромӣ, Ҳикоя ва очеркҳо). Ҷонишин пеш аз он ки ба ӯ ҷавоб диҳад, ба Нуралӣ мулоимона, аммо ба оҳанги танбеҳ гуфт (С. Улуғзода, Диёри Навобод). Шукур баъд аз он ки чанд рӯз давида аз амлокдор духтари худро гирифта натавонистааст, ба ӯ сахттар муомила карда, бошиддаттар духтарро талаб кардааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Баъд аз он ки ман ба ӯ даҳ сол хизмат карда «Шашмақом»-ро об карда хӯрдам, ба меҳмониҳо маро ҳамроҳӣ худаш мебурдагӣ шуд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Асп, баъд аз он ки ду пои пешаш ба хушкӣ банд шуд, бо як ҷавлони дигар худро аз заҳкан баровард (С. Айнӣ, Куллиёт). Баъди он ки маро аз кунҷи сартарошзона пайдо кард, ба ростқавлии ӯ дигар шубҳа надорам (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Баъди он ки гулӯи беморро ба пахтаи спиртолуд баста берун баромадам, ҳамшаҳриаш қиссаи оилаи ӯро гуфта дод (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).
Ҳамин ки... Ин пайвандак аз ҷонишини ҳамин ва пайвандаки ки ташкил ёфтааст:
Ҳамин ки большевикҳо ба шаҳр даромаданд, ман туро меёбам ва ба ҳавлии худамон бармегардем (Ҷ. Икромӣ, Тори анкабут). Ҳамин ки машкоб ба по меистодагӣ шавад, зуд
413

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор