Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ба пеши ман биёяд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ҳамин ки ба роҳи калони аэропорт шоссеи бандари баҳрии ҷадда ҳамроҳ шуд, ҳаракати сайёраҳо афзуд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Ҳамин ки асо ба он ҷо зада оварда шуд, Ойҷон нӯти онро бӯида, якбора бо валвала ҳавлиро ба сараш бардошт (А. Деҳотӣ, Асарҳои мунтахаб).
Ҳангоме ки аз исми ҳангом ва пайвандаки ки сохта шудааст: Ҳангоме ки Малик онҳоро бо ҳаракати даст ақиб мепартофт, чашмони ҳиҷолатманди ӯ ба назар меафтоданд (Толис). Ҳангоме ки шӯълаи офтоби субҳ ба рӯи баргҳои чинор афтод, аз тарафи шарқ, аз роҳи калон машинаи боркаше ба қишлоқ даромада, дар рӯ ба рӯи бинои мактаб омада истод (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Одами нағз будааст,— гуфт Исрофил баъд, ҳангоме ки ба назди ҳамсафаронамон бармегаштем (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Ҳангоме ки дар аэропорт будем, мӯйсафеде пурсид, ки кай ба манзил мерасем (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Ҳангоме ки ҳар ду аз ҳавлӣ баромада, ба сӯи идораи ЗАГС равона мешуданд, командир Бобиро чеғ зад (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ҳангоме ки мо хатхониро тамом карда, ба берун баромадем, аксарияти калтакдорони сурх пиёда ва савора ғун шуда буданд (Ҳ. Карим, Оқшуда).
Пайвандаки ва ҳол он ки. Ин пайвандак аз пайвандаки ва, исми ҳол, ҷонишини он ва пайвандаки ки таркиб ёфтааст:
Шумо ин касро «Одами бисёр калон ва олими гузаро»
гуфтед ва ҳол он ки қади ин кас он қадар баланд нест ва саллаашон ҳам аз саллаи имоми мо хурд аст-ку? (С. Айнӣ, Куллиёт). Хусусан аз ман, ки либосҳои саҳроии дар зери хизмат чиркин шуда ва дарида доштам, ҳеҷ нафрат намекард. Ва ҳол он ки ӯ дар зиндагӣ ва хусусан дар таомхӯрӣ ва нигоҳ доштани чизҳои хӯрдани бисёр озода буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ман ин харро беҳтарини харҳо гумон карда, ба як тангаю ҳашт пул то Вобканд киро кардам. Ва ҳол он ки кирои харҳои дигар аз шаҳр то Вобканд як танга буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Пайвандакҳои бо вуҷуди он ки ва гарчанде ки. Пайвандакҳои бо вуҷуди он ки, гарчанде ки чӣ дар нутқи гуфтугӯӣ ва чӣ дар китобӣ ба кор бурда мешаванд. Пайвандаки бо вуҷуди он ки аз пешоянди бо, исми вуҷуд, ҷонишини он ва пайвандаки ки; пайвандаки гарчанде ки аз пайвандаки гар, зарфи чанд ва пайвандаки ки таркиб ёфтаанд:
Ӯ ҳам, бо вуҷуди ин ки ҳозир аз мактабдор он ҳама чӯб
хӯрда буд, ба ҳеҷ тарсу бим ба пеши ин золим омад (С. Айнӣ,
Асарҳои мунтахаб). Рафиқ командир, агарчанде ки шумо бо
нишони сурх мукофотбахш гардидани маро лоиқ донед ҳам,
аммо ман розӣ нестам, зеро ки ман вазифаамро адо кардам
(Ҳ. Карим, Оқшуда). Шамоли шӯришҳои мардуми мазлум

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор