Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

дар Шӯроб ҳам, агарчанде ки сахт набуд, мевазид (Р. Ҷалил, Шӯроб).

Пайвандакҳои такрор ва ё ҷуфт барои пайвастани калимаҳо ва ҷумлаҳо ба кор бурда мешаванд:

Пайвандаки ё... ё: Дар ин бозӣ ӯ ё мебурд, ё бой медод (С. Айнӣ, Куллиёт). Вай ё досу каландашро суҳон мезад, ё аргамчин тоб медод, ё чуволи даридаашро медӯхт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ё дар шумор хато кардаанд, ё будану набудани камина дар назари уламо якранг аст (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Пайвандакҳои ё... ё ки, ё ин ки: Ё хаёл мекунад, ки каналсозӣ кори бозӣ аст, ё ки онро бо даҳан сохтан мумкин аст? (С. Улуғзода, Диёри Навобод). Ё зудтар вексель диҳед, ё ин ки пуламро гардонда диҳед (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ё бачагонро саришта кун, ё ин ки бозиҳоятонро ба падарам мегӯям (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Қадом писар ва ё кадом духтар ба падараш гуфтааст, ки ба ман зан гир, ё ки маро ба шавҳар деҳ? (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Магас ё тори маҳини анкабутро намебинад, ё ки назараш намегираду парида мегузарам гуфта якбора банд шуда мемонад (Ҷ. Икромӣ, Тори анкабут).

Ҳаминро низ қайд кардан лозим аст, ки дар натиҷаи инкишофи сохти синтаксисии забони адабии ҳозираи тоҷик пайвандакҳои таркибӣ монанд ба дараҷаи ки, ба андозае ки, ба тавре ки, ба сабаби он ки ва ғ. нисбатан дертар ба вуҷуд омадаанд ва аз ҳисоби ҳиссаҳои гуногуни нутқ зиёд шуда истодаанд.

ХЕЛИ ПАЙВАНДАКҲО

Пайвандакҳо мувофиқи маъно ва вазифаашон ба пайвандакҳои пайвасткунанда ва тобеъкунанда ҷудо мешаванд.

Пайвандакҳои пайвасткунанда (ва, -у, ҳам, низ, вале, аммо, лекин, ё ва ғайра) муносибати баробарҳуқуқии аъзоҳои ҷидаи ҷумла ва ҷумлаҳоро ифода мекунанд.

Пайвандакҳои тобеъкунанда (ки, чунки, вақте ки, зеро, барои он ки ва ғайра) ҷумлаи пайравро ба сарҷумла мепайванданд.

Пайвандакҳои пайвасткунанда

Пайвандакҳои пайвасткунанда ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. Пайвандакҳои паиҳам. 2. Пайвандакҳои хилофӣ. 3. Пайвандакҳои ҷудоӣ.

  2. Пайвандакҳои паиҳам (ва, -у, ҳам... ҳам, чи... чи...). Ин пайвандакҳо танҳо барои ифодаи муносибати байни калимаҳо ва ҷумлаҳои паи ҳам омадагӣ хизмат мекунанд:

пешина
аз 457
навбатӣ