Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҷӯра ва Пӯлод аз мактаб омаданд (Р. Ҷалил). Падару писар аз дар даромаданд (Р. Ҷалил, Маъвои дил). Ҷавон буд, солим буд, каланд ҳам мезад, пахта ҳам мечид (С. Улуғзода, Навобод). Ҳеҷ набошад, маънии ҳамин суханони сарбастаро ба ман кушода деҳ! Дар он вақт ҳам туро мебахшам, ҳам ӯро (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Аслан одами нармдил ва хушфеъл бошад ҳам, лекин ба андак гап ҷаҳлаш хеста, ба одам дармеафтод (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳамесозем хизмат содиқона — Чи дар лафзу чи дар фикру чи дар кор (А. Шукӯҳӣ, Чашмасор). Мо ҷумла чу кӯҳем чи дар зӯр, чи дар сур — Истода бибинем ба тамкин роҳи дур (М. Раҳимӣ, Роҳи равшан).

  1. Пайвандакҳои хилофӣ (аммо, вале, лекин, балки). Ин пайвандакҳо барои алоқа ва ифодаи муносибати хилофии калимаҳо ва ҷумлаҳо хизмат мекунанд:

Дар роҳ шитоб кардан даркор буд, аммо аспи ман ҳеҷ шитоб намекард (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Саодатбибӣ ҳоло пир набуд, лекин ӯ дар солҳои охир худро бедармон ҳис мекард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ҷавон ду чашми худро аз дар наканда меомад, вале аз об баромада ба тарафи дигар рафтани аст, ӯ ётири вайро парешон кард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ҳазор-ҳазор муҳоҷирони навро ба Вахш на аробаҳои чорчарха, балки мошинаҳо, поездҳо ва киштиҳо мекашонданд (С. Улуғзода, Навобод). Нуралӣ боз чизе гуфтанӣ шуд, аммо Боровиков ба ишораи даст ӯро нигоҳ дошт (С. Улуғзода, Навобод). Дар ҳамин вақт асп аз дастам ҷудо шуд, лекин дастам сӯзиш мекард (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ӯ не, балки ман гунаҳкорам (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Пайвандаки -у гоҳо ба вазифаи пайвандаки хилофӣ низ омада метавонад: Дер ояду шер ояд (Зарбулмасал). Ман омадаму вай наёмад.

  1. Пайвандакҳои ҷудоии (ё, ё... ё, ё... ё ин ки). Ин пайвандакҳо калимаҳо ва ҷумлаҳоеро ба ҳам алоқаманд мекунанд, ки танҳо яке аз фактҳо ва ҳодисаҳои дар калима ва ҷумлаҳо зикршудагӣ имконпазир аст ва ё онҳо якдигарро иваз мекунанд:

Агар пуле ба даст орад, камтар орди ҷуворимакка ё ҷав, лаблабу ё сабзӣ, гоҳо ду-сета нони ҷав харида меомад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳамроҳрафиқ ба ин саволҳо ҷавоб надод ё ҷавобе надошт, ё ҷавоб дошта бошад ҳам, баъд аз паст шудани оташиниаш дар ҷавоб додан ҷасорат накард (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Пайвандакҳои тобеъкунанда

Пайвандакҳои тобеъкунанда ду ҷумларо (ҷумлаи пайравро ба сарҷумла) мепайванданд.

Пайвандакҳои тобеъкунанда одатан бо ҷумлаҳои пайрав

пешина
аз 457
навбатӣ