Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

меоянд. Гоҳо яке аз ҷузъҳои пайвандаки таркибӣ бо сарҷумла ва ҷузъи дигари он бо ҷумлаи пайрав омада метавонад (Ман барои он омадам, ки бо шароити кор ошно шавам). Вале чунин пайвандакҳо бо ҳамаи ҷузъҳои худ дар таркиби ҷумлаи пайрав низ омадан мегиранд: Ман омадам, барои он ки бо шароити кор ошно шавам.

Пайвандакҳои тобеъкунанда ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:

  1. пайвандакҳои сабаб, 2) пайвандакҳои мақсад, 3) пайвандакҳои замон, 4) пайвандакҳои тарзи амал, 5) пайвандакҳои монандӣ, 6) пайвандакҳои шартии, 7) пайвандакҳои хилофӣ, 8) пайвандакҳои дараҷаю миқдор.

Пайвандакҳои сабаб: ки, зеро, зеро ки, чунки, азбаски, модом ки, чаро ки, ба сабаби он ки, аз сабаби он ки ва т.

Ҳар яке аз ин пайвандакҳо дар нутқ тобишҳои услубӣ ва хусусиятҳои алоҳида дорад. Пайвандакҳои ки, чунки, азбаски, аз сабаби он ки чӣ дар нутқи гуфтугӯӣ ва чӣ дар нутқи китобӣ кор фармуда мешаванд. Пайвандакҳои чаро ки, зеро, зеро ки бештар ба нутқи китоб хос мебошанд:

Ҳаваси Боровиков бештар ба шикори моҳӣ буд, на ба худи моҳӣ, чунки вай моҳиёни ба шасташ омадаро дар худи ҳамон ҷо ба бачагони колхозӣ тақсим карда медод (С. Улуғзода, Навобод). Ман ба рӯи суфачаи дигар нишаста, ба қандфурӯши мазкур сӯҳбат мекардам, чунки вай як одами бисёр аҷиб буда, суханҳояш бағоят завқовар буданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Азбаски дар байни шарикон хушовозон бисёр буданд ва онҳо бо навбат мувофиқи нағмае, ки Раҳими Қанд менавохт, ғазалхонӣ мекарданд, онҳо он қадар монда намешуданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ғай бефоида будани ин кор, ба тадбири он оҷиз будани худро ҳис кард, зеро ки дар саҳни завод кор торафт зиёдтар ва адади коргарон афзунтар мегардид (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Одина дар ин гумони худ ҳақ дошт, зеро он ҳама намоишҳо, шодидӯенаҳо, пойкӯбиҳо ва кафзаниҳо, ки дар рӯзҳои революцияи февраль аз оммаи мардум сар зада буд, ҳар касро ба ҳамин гумон меандохт (С. Айнӣ, Одина). Модом ки ӯ ин гӯна одами бадгумон будааст, дигар на рӯи ӯро мебинам ва на аз вай ҳуҷра мепурсам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Шабе Одина бо модаркалони худ аз ҳар дарак сӯҳбат мекард ва мехост, ки гапро ба болои сафари худ оварад, чаро ки ин матлабро яке якбора ба кушода гуфтан далерӣ наменамуд (С. Айнӣ, Одина).

Пайвандакҳои ки, то, то ки, то ин ки, барои он ки пайвандакҳои тобеъкунандаи мақсад мебошанд. Аз ин гурӯҳ пайвандакҳо пайвандакҳои то, то ки, то ин ки бештар ба нутқи китобӣ хос мебошанд. Пайвандаки барои он ки чӣ дар нутқи гуфтугӯӣ ва чӣ дар нутқи китобӣ кор фармуда мешавад:

пешина
аз 457
навбатӣ