Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ӯро оварда ба хизмати ин кас супурдааст, то ки дар кӯчаҳо сарсарӣ гашта нобуд шуда наравад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Селитраро давлат ба колхозҳо медиҳад, то ин ки ба заминҳои пахтакориашон андозанд (С. Улуғзода, Навобод).
Деҳқон бо гуфтани ин суханон ба тарафи саисхона рафта худро аз дари он дарун кард, то бинад, ки даруни он чӣ қадар зинат дорад (С. Айнӣ, Ғуломон). Юнусбой барои он ки колхозчиёнро аз равғани худӣ ва барзаговони колхозро аз кунҷолаи арзон таъмин кунад, ба фикри ҷувозхонаандозӣ афтод (С. Улуғзода, Навобод). Командир разведкачиёнро фиристод, ки мавқеи душманро маълум кунанд.

Пайвандакҳои ки, вақте ки, баъд аз он ки, пеш аз он ки, ҳамин ки, ҳангоме ки, аз бозе ки, чун пайвандакҳои тобеъкунандаи замон мебошанд.

Пайвандакҳои ки, вақте ки, баъд аз он ки, пеш аз он ки, ҳамин ки чӣ дар нутқи гуфтугӯӣ ва чӣ дар нутқи китобӣ кор фармуда мешаванд. Пайвандакҳои ҳамин ки, ҳангоме ки ва чун бештар ба нутқи китобӣ хос мебошанд:

Вақте ки Гулрӯ яктаки дарида ва сердарбеҳи Рустам-амакро ба сараш гирифта гӯсолайи зардалоро аз огил мебаровард, Саодатбибӣ сухани аввалаашро боз як бори дигар такрор кард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Вақте ки мо аз деҳа баромадем, амакам охирин бор ба падарам гуфт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Вақте ки мо ба Галаосиё расидем, офтоб ба фурӯ рафтан наздик шуда буд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Баъд аз он ки ҳар дуи онҳо дар берун қадре гӯшакӣ карда, бо ҳам паст-паст гап заданд, Қорӣ аз зина фуромада рафт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Пеш аз он ки ба назди пулемёт равад, вай чор нафар босмачии ба тарафи пулемёт асп давонда омада истодаро зада афтонд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Чун навбати зӯр кардан ба Маҳмуд расид, Рӯзиро бо ду даст озод ба сараш бардошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Чун аз ҷоҳои серодами пеши мадраса гузашта ба тарафи шимол ба ҷои камодами кӯча расидем, ман аз ӯ пурсидам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Чун он нури равон боз ҳам наздиктар расид, дар ман ҳеҷ шак намонд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ғазалхонӣ ба поён нарасида буд, ки як гурӯҳ ҷавонон даромада омаданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Пайвандакҳои дар ҳолате ки, бе он ки пайвандакҳои тарзи амал буда, ҷумлаҳои пайрави тарзи амалро бо сарҷумлаҳо мепайванданд:

Даллол дубора дасти Абдураҳимбойро гирифт ва дар ҳолате ки ӯро сахт мефушурд, гуфт (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар
болои ҳамаи рег, дар ҳолате ки дар дасташ як наи чӯпонӣ
буд, Неқадам менишаст ва месуруд (С. Айнӣ, Куллиёт). Кулоли пир бародарзодаашро дар беруни дар пешвоз гирифта,
дар ҳолате ки аз чашмонаш ашки шодӣ меборид, вайро ба
бағал кашид (С. Улуғзода, Қисмати шоир). Кампир, дар

пешина
аз 457
навбатӣ