Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
ҳолате ки ба болои пойҳош кӯрпаи навро монда лаганда мекард, ҷавонро дида ҳайрон шуд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Ӯ сар хам карда, бе он ки чизе гӯяд ва ба касе нигоҳ кунад, нарм-нарм қадам мениҳод (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳомидхоҷа, бе он ки овоз барорад, аз дасти ман гирифта ишорат кард (С. Айнӣ, Куллиёт). Алӣ ҳамчунон беҳаракат менишаст, вале рафиқаш, бе он ки ба рӯи Аҳрор-амак нигарад, ба аломати тасдиқ сар ҷунбонид (Ф. Муҳаммадиев, Одамони кӯҳна). Шоири дарбор мутакаббирона сар ҷунбонда, фақат як дасташро дароз кард, ва он гоҳ Рӯдакӣ ҳам, бе он ки таъзиме ба ҷо орад, якдаста вохӯрӣ намуд (С. Улуғзода, Қисмати шоир).
Пайвандакҳои монандӣ: монандӣ он ки, монандӣ ин ки, мисли он ки, чунон ки, гӯё ки ҷумлаҳои пайрави монандӣ-ро ба сарҷумлаҳо мепайванданд:
Халифа монанди ин ки гавак кунад, ба сари оринҷ ва зонуҳояш хобида буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ӯ бо чашмони ҳаросон ва кунҷковона ба кас менигараду монанди он ки оҳу аз теға ба теғаи кӯҳ меҷаҳад, аз як дарахт ба дарахти дигар хез мезанад (Р. Ҷалил, Ҳамида).
Ниҳолҳои пахта аз серҳосилӣ ҳатто қомати худро рост дошта натавониста, мисли он ки ба парваришкунандагони худ қоил шуда таъзим медода бошанд, ба замин сар хам карда меистоданд (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя). Ман ҳар чиро ки аз талабагони дигар мешунидам, мисли ин ки исфанҷ обро некашад, ба худ мекашидам (С. Улуғзода, Субҳи ча-вонии мо).
Хайринисо, гӯё ки дар байнашон ҳеҷ гапе нагузашта бошад, ба вай ҳам дӯстона даст дод (С. Улуғзода, Навобод). Вай гӯё ки аз будани касе хабар надораду мақсадаш фақат об гирифтан аст, ба лаби дарё равона мешавад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Мӯйсафед бо қаҳр рӯяшро аз Дилбар ба сӯи дигар тофт, гӯё ки ба ҳамаи ин Дилбар гунаҳкор бошад (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ман, чунон ки бародарам Қоришариф изҳор кард, Мирзо Иброҳим ҳастам (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Фақат чунон ки гоҳо худи шумо шӯхӣ мекунед, ӯ ҳам як шӯхӣ карда монд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин сатрҳо, чунон ки дар худи ҳамин мактуб қайд ёфта буд, аз рӯи гуфти Ҳамдам бо дасти ҳамшираи шафқати қисми санитарии полки гвардиягии артиллерии навишта шуда буд (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя).
Пайвандаки агар шартӣ мебошад. Дар навъ пайвандаки шартии агар дар шакли гар ва ар низ меояд:
Агар ҳамон ниҳолҳо ҳамин хел кӯрак андозанд, аз як гектар чӣ қадар ҳосил гирифтан мумкин (С. Улуғзода, Навобод). Гар ба нафъи ин диёри дилрабо — Лозим ояд, ҷони ширин медиҳем (А. Шукӯҳӣ, Чашмасор). Агар ҳозир Гул-рӯ дар берун мебуд ва аз болои бом баромада ба маҳаллаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор