Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

лаби сой нигоҳ мекард, медид, ки дар он ҷо ҷанги шиддатнок сар шудааст (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ба тарафи дасти чап қадам партофтани асп дар он ҷоҳо осон нест, агар дар миёна баъзе ҷӯйҳо, заҳкашҳо ва ҷӯлмакҳо бошанд ҳам, зарар надорад (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Пайвандакҳои бо вуҷуди он ки, агарчи, гарчанде ки ва ҳол он ки пайвандакҳои тобеъкунандаи хилофӣ мебошанд.
Пайвандакҳои бо вуҷуди он ки, агарчи, гарчанде ки чи дар нутқи гуфтугӯй ва чи дар китобӣ ба кор бурда мешаванд.
Пайвандаки ҳол он ки бештар дар нутқи китобӣ кор фармуда мешавад:

Ман узрҳо гуфта боварии худро ба ҳикояи ӯ исбот карда, шубҳаи ӯро нисбат ба худам тамоман аз дилаш баровардам, бо вуҷуди ин ки ӯ чанд гоҳ ин гуна ҳикояҳоро ба ман нақл накард (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Агарчи барфҳои камарҳои кӯҳ аз таъсири офтоби баҳор кайҳо об шуда, ба ҷои барфи сафед, гиёҳҳои кабуд рӯида буданд, қуллаҳои кӯҳ ҳанӯз кулоҳҳои сафеди худро аз сар бадар накарда буданд (С. Айнӣ, Одина).
Гарчи дар ном худ ситораи ту — Дар латофат ситорапораи ту (М. Турсунзода). Нуралӣ ба осиёву обҷувозсозӣ муқобил баромаданро лозим намедонист, гарчанде ки ин сохтмонро зарур ҳисоб намекард (С. Улуғзода, Навобод). Қорӣ-ишкамба ба хонааш рафта, бо кӯфтагии рӯҳӣ зуд дар ҷойхобаш ёзид...
ва ҳар чанде ки орзу кунад ҳам, рӯи осудагиашро намедид (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Бими он буд, ки ошноии худро аз ман бурида, дигар бо ман ин гуна ҳикояҳоро нақл накунад, ҳол он ки шунидани ин гуна ҳикояҳои ӯ ба ман бисёр завқ дорад (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Банк мувофиқи дороии онҳо пул додааст, дигар барзиёд қарз намедиҳад, ҳол он ки дар мавсимҳои хариди пӯсти қарокӯлӣ аз пахта барин мол тиҷорати қиматбаҳо қарзи банк ба онҳо кифоя намекунад (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Пайвандакҳои миқдору дараҷа ҷумлаҳои пайрави миқдору дараҷаро ба сарҷумлаҳо мепайванданд. Пайвандакҳои миқдору дараҷа аз инҳо иборатанд: ба андозаи ки, ба қадре ки, ба дараҷае ки, ба тарзе ки, ба ҳадде ки, ба тавре ки ва ғ.

Мисолҳо:

Одина аз воқеаи Арбоб ва мулло-Хоқирох ба зиддияти
синфҳо пай намебурд, лекин сесола хизмати завод ва ташкилоти коргарон, ки дар он ҷо буд, фикри ӯро, ба андозае
ки аз саргузашти худ ибрат гирифта тавонад, яла карда
буд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Лиза аз таҳи дил шодӣ
мекард, бо ҳаяҷон, бо овози баланд гап мезад, ба тавре ки
диққати мусофирони дигарро ҷалб менамуд (С. Улуғзода,
Ёрони боҳиммат). Дар ҷавоб маъшуқаи хаёлии худро ба тарзе ки дар хаёлаш сурат баста буд, тасвир мекард (С. Айнӣ,
Куллиёт). Ҳамеша риши худро канда мегашт, ба ҳадде ки
ҳеҷ гоҳ нӯгҳои ангуштони дасти ӯ аз торҳои ришаш дур намешуданд

пешина
аз 457
навбатӣ