Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
(С. Айнӣ, Куллиёт). Ман танҳо монам, бисёр дилтанг мешавам, ба ҳадде ки коре ва фикре карда наметавонам (С. Айнӣ, Куллиёт). Миршаб ба тарафи дарвозаи арк нигоҳ карда, ба дараҷаи ки қариб буд, сараш ба замин бирасад, ҳам шуда, се-чор бор таъзим кард (С. Айнӣ, Куллиёт).
Пайвандаки ки пайвандаки тобеъкунандаи натиҷа мебошад: Колхози мо имсол бисёр ҳосили баланд гирифт, ки дар анборҳо ҷои холие намонд.
ҲИССАҲО
Калимаҳои ёридиҳанда, ки ба фикри гуфташуда муносибати субъективии гӯяндаро мефаҳмонанд, ҳиссача номида мешаванд.
Ҳиссачаҳо барои таъкиду ифодаи тобишҳои гуногуни маъноии калима, ибора ва ҷумла хизмат мекунанд. Онҳо маънои луғавӣ надоранд, вале ҳамчун воситаи лексикии ифодаи муносибатҳои субъективӣ бо ҳамроҳии воситаҳои грамматикӣ ва интонация кор фармуда мешаванд.
Ҳиссачаҳо аъзои мустақили ҷумла шуда наметавонанд. Онҳо фақат ҳамчун калимаҳои ёридиҳанда ба ҷумла ва қисмҳои алоҳидаи он тобишҳои гуногуни модалӣ-маъной дода, барои пуркувват шудани таъсири нутқ ёрӣ мерасонанд. Маъноҳои модалӣ ва тобишҳои гуногуни маъноие, ки ҳар як ҳиссача ифода менамояд, асосан дар матн ифода мегардад ва бо он зич алоқаманд мебошад. Ҳиссачаҳо дар нутқ, дар диалог ба вазифаи ҷумла омада метавонанд, ки дар ин ҳол низ маънои онҳо бо матн, бо гуфтаҳои пеш зикршуда зич вобаста буда, бе он номафҳум мебошанд.
Масалан: Инженери об шудӣ? — Бале (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ҳама коратро тахт карда мондӣ-мӣ? — Ҳа. (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Агар шумо ҳақиқатан ба ин кӯҳ баромаданӣ бошед, ман ёри шумо. — Наход? Шарифҷон бо ҳаяҷони хурсанди ба ӯ чашм дӯхт (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ту худат хӯрок хӯрдӣ? — Не. (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҳиссачаҳоро аз ҷиҳати ба калима, ибора ва ё ҷумла алоқаманд шуда омаданашон ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.
Ҳиссачаҳои ана, мана, ҳӯ (хӯ, ҳо), фақат, ҳатто, ҳам, боз, ҳиссачаҳои саволии -чӣ, -мӣ ва ҳиссачаи инкории не дар нутқ ба калима ва ба ифораву ҷумла алоқаманд шуда омада метавонанд.
Масалан: Ана, ин ниҳолҳоро албатта сел хобондааст (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ана, ҳоло ҳафт-ҳашт рӯз аст, ки дар хонаи Шарофатхола ҳам печ дармегирад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор