Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Чӣ хеле ки мебинем, дар ҷумлаи якум ҳиссачаи ана фақат ба калимаи ин, ки вай ба калимаи ниҳолҳо ишора мекунад, вобаста шуда омадааст. Дар ҷумлаи дуюм бошад, ҳиссачаи ана ба тамоми фикри гуфташуда (ба ҷумла), яъне ҳафт-ҳашт рӯз боз дар хонаи Шарофатхола ҳам даргирифтани печ алоқаманд шуда омадааст. Мисолҳои зерин ба ҳамин гурӯҳ медароянд: Аз ҳама ҳам душвотараш мана ин аст (Р. Ҷалил, Одами ҷовид). Мана, худат ба чашмат дидӣ (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳо ана дар байни он хона душман се тӯп мондааст (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ҳӯ, дар ёд дорӣ, мо ба хонаи онҳо рафта будем, ман рақс кардам, хондам, вай чӣ қадар таъриф кард (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Фақат, ту каллаварам бо ақли норасои занонаи худат фикр карда метавонӣ, ки қабс шудани Анвар ва бозёфти худододи мо бо ҳам алоқае надоранд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Рашидов бошад, тамоми ором ва осуда менишаст, ҳатто дар лабони вай андак табассум менамуд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Ҳиссачаҳои магар, наход, оё, на ин ки, мабодо, рафту, кошки, гӯё ки, илоҳӣ, канӣ, биё, мон, бигзор ва монанди инҳо бошанд, фақат ба ҷумла алоқаманд шуда меоянд: Магар ҳанӯз дилатон хунук нашудааст? (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна). Наход шӯи Моҳрӯ — Одина ҳамин хел баҷаи бад бошад-а, Майрамбибӣ? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Хӯш, исто, ки оё ба хизмати аскарӣ рафтанатро ҳама медонад? (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳа, Аминҷон, имрӯз ба ту чӣ шуд? Мабодо нотоб-ку нестӣ? (П. Толис, Ҳикояҳо). Ба ҳар ҳол ба пешвозгирии Шодӣ тайёрӣ дидан лозим. Рафту бо ҳамроҳии Рашидов омада монад, кор боз ҳам бисёртар мешавад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Кошки хоб кунӣ! — гуфт модараш ба ӯ (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Дар ин кӯча Шодӣ якчанд иморати навро дид, ки пеш аз ба фронт рафтанаш гӯё ки набуданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Илоҳӣ ҳамаатон мударрис шавед, муфтӣ шавед, раис шавед, қозӣ ва қозикалон шавед (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Канӣ, бародарон, биёед, аз баҳри гӯр кардани устухони ҳоҷаи ҳарон мегузарему чӯйканиро сар мекунем, об беҳуда исроф нашавад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). ...як-ду рӯз пеш дуппа-дуруст буд-ку. Хайр, одамӣ-дия, мешавад. Набошад, биё, ман ҳам рафта пурсида биёям (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

СОХТИ ҲИССАЧАҲО

Ҳиссачаҳо аз ҷиҳати сохт содда, сохта ва таркибӣ мешаванд.
Ҳиссачаҳои содда аз як калима иборат мебошанд: ана, мана, ҳа, канӣ, фақат, танҳо.
Ҳиссачаҳои сохта ба калима бо ҳамроҳ кардани суффикси префиксҳо сохта мешаванд: мабодо, рафту, бигзор ва ғайра.

пешина
аз 457
навбатӣ