Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ҳиссачаҳои таркибӣ аз ду ва ё зиёда калимаҳо таркиб меёбанд: гӯё ки, на ин ки, ҳо ана ва ғайра.
Аз ҷиҳати таърих ҳиссачаҳоро ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст: ҳиссачаҳои аслӣ ва ғайриаслӣ.
Ҳиссачаҳои аслӣ ҳамон калимаҳо мебошанд, ки аслан ҳамчун ҳиссача вуҷуд доштанд: ху, ҳа, -ку, канӣ ва ғайра.
Ба гурӯҳи дуюм ҳиссачаҳое дохил мешаванд, ки онҳо аз ҳиссаҳои дигари нутқ гузаштаанд: рафту, охир, хуб, гӯё ва ғайра.
Маълум, ки калимаи рафту феъл, аз асоси замони гузаштаи феъли рафтан, охир — исм, хуб — сифат ва гӯё пайвандак мебошанд. Бояд қайд кард, ки ин гурӯҳ калимаҳо бо мурури замон маънои лексикиашонро гум карда, оҳистаоҳиста ба ҳиссача табдил ёфтаанд. Масалан, калимаи рафту агар ҳамчун феъл (аз рафтан) ҳаракатро фаҳмонад, пас ҳамчун ҳиссача ин маъноро тамоман гум мекунад. Яъне акнун ҳаракатро не, балки муносибати гӯяндаро нисбат ба иҷрои амал ифода мекунад: ...рафту бо ҳамроҳии Рашидов омада монад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Ба ҳамин тариқ, гурӯҳи калони ҳиссачаҳо аз ҳиссаҳои зерини нутқ ба вуҷуд омадаанд:
Аз исм: илоҳӣ (илоҳим).
Аз сифат: хуб (хуб, хӯш).
Аз ҷонишин: чӣ.
Аз феъл: мон (монед), биё (биёед), мабодо, рафту (раваду), бигузор (бигзор, бигзоред), оре, гӯё ва монандӣ инҳо.
Аз зарф: фақат, ҳатто, боз, бешубҳа, ҳатман.
Аз пайвандак: ҳам, гӯё, гӯё ки, балки.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки протсесси аз дигар ҳиссаҳои нутқ ба ҳиссача гузаштани калимаҳо ба охир нарасида, балки дар айни замон низ давом дорад. Масалан, калимаи як-ро гирем. Вай асосан шумора буда, фақат дар вақтҳои охир хусусияти ҳиссачагӣ пайдо намудааст. Бо вуҷуди он ҳам бо шумораи як вобастагӣ дошта, маънои лексикии худро пурра гум накардааст: Як фақат Зайнаб ҳавобаландии худро напартофта, қисман бебокӣ мекард (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
Инчунин, агар ба асарҳои бадеии имрӯза назар андозем, мебинем, ки гурӯҳи калони калимаҳо монанди зоро, тоза, барин, аслан ва ғайра ҳамчун ҳиссача кор фармуда шудаанд:
Як ба ин тарафу он тараф нигоҳ кунед, зоро дида монем (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ҳо, соли гузашта, вақте ки шумо ба мактаб омада дар хусуси ахлоқи бағаҷони советӣ лекция хондед, тоза ҳам саволборон карда буд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Дуруст аст, ки баъзеи ин калимаҳо ба забони гуфтугӯӣ хос буда, дар асар аз забони персонаж оварда мешаванд. Бо вуҷуди он онҳо оҳиста-оҳиста характери умумӣ пайдо карда, ба забони адабӣ дохил шуда метавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор