Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар айни замон гурӯҳи дигари калимаҳои ёрӣдиҳанда ҳам ҳастанд, ки онҳо нисбат ба ҳиссачаҳо мустақилмаънотаранд: албатта, эҳтимол, даркор. Ин гурӯҳи калимаҳои ёрӣдиҳандаро калимаҳои модалӣ меноманд. Дар байни ин ду гурӯҳи калимаҳои ёрӣдиҳанда (ҳиссачаҳо ва калимаҳои модалӣ) фарқияте мушоҳида карда мешавад. Аввал ин ки калимаҳои модалӣ нисбат ба ҳиссачаҳо маънои лексикиашонро то андозае нигоҳ доштаанд. Дигар ин ки калимаҳои модалӣ муносибати объективии дар ҷумла зикршударо ифода менамоянд: Гап, албатта, аз хусуси шумо буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Фароед, бобо, ана ҳамин ҷо маҳаллаи шумо, — гуфт аробакаш, — ба он тарафаш ароба намеравад, хонаатон ҳам он қадар дур набошад даркор (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Бо вуҷуди ин калимаҳои модалӣ аз ҷиҳати ифодаи тобишҳои маъноӣ ва вазифаи синтаксисиашон ба ҳиссачаҳо, махсусан ба ҳиссачаҳои модалӣ шабоҳат доранд. Бинобар ин онҳоро бо ҳиссачаҳо дар якҷоягӣ меомӯзем.

Ҷои ҳиссачаҳо дар ҷумла

Чанде аз ҳиссачаҳо ба таркиби ҷумла дохил намешаванд: оре, бале. Ин ҳиссачаҳо ҳамеша ё пеш аз фикри гуфташуда, яъне пеш аз саршавии ҷумла ва ё пас аз гуфтор меоянд: Оре, ин бемуболиға гапи рост аст (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Шодӣ фикр карда истода, якбора бо нимсадо бале, мешавад, — гуфта монд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Ҳиссачаҳои ба таркиби ҷумла дохил мешудагӣ аз ҷиҳати ҷои худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: ҳиссачаҳое, ки дар ҷумла ҷои доимӣ надоранд ва ҳиссачаҳое, ки дар ҷумла ҷои нисбатан доимӣ доранд.

Ба гурӯҳи якум ҳиссачаҳои магар, охир, канӣ, чӣ ва монандӣ инҳо дохил мешаванд, ки аз ҷиҳати ҷои худ дар ҷумла озод мебошанд. Онҳо пеш ва ё пас аз калимаи алоқаманд дар аввал, мобайн ва охири ҷумла омада метавонанд.

Масалан: Магар хислати одами нек ҳамин хел мешавад? (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Қорӣ-амак, аз дасти шумо магар халосӣ нест? (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Ту ҳам ӯро дида будӣ магар? (Газ. Маориф ва маданият). Охир вай падару модар надорад (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Хез, чашм кушо охир! (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Канӣ, шунавем, кӣ ба бало монанд? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Он тарафашро ҳам хон канӣ (Газ. Маориф ва маданият). Чӣ, ба ҷои домулло Мирҳалим шайх шудани будад-мӣ? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Канӣ, шумо гӯед-чӣ, киҳо ба большевикон ёрӣ доданд? (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Ба гурӯҳи дуюм ҳиссачаҳои ана, мана, ҳӯ, ҳатто, ҳам, -ку, -мӣ, -дия ва ғайраҳо дохил мешаванд.

пешина
аз 457
навбатӣ