Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Ин ҳиссачаҳо дар навбати худ боз ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
а) Ҳиссачаҳое, ки ҳамеша пеш аз калимаи алоқаманд меоянд: ана, мана, ҳу, ҳатто, фақат, танҳо, боз, наход, на ин ки, биё, мон, оё, бигзор, кошкӣ, мабодо ва монандӣ инҳо.

Масалан: Ана Назира, аз паси он Самадов ҳам фаромад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Мана, худи ҳозир хабар омад, ки қӯшунҳои мо дар Сталинград армияи сесадҳазорнафараи гитлерчиёнро ба ҳалқаи оҳанин гирифтаанд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳу хар ба даруни пахта даромадааст, ҳай карда фиристон (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ҳатто пас аз ҳабс шудани ман ҳам, касе дар ҳаққи ман сухани баде нагуфтааст (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Фақат дар қишлоқ расида будам, ки дидам, дар дастам портфель нест (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Аз ин беҳтар Тулфори маро савор шаведе, боз шон Юнусбоҷи ордендор будаанд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Наход шӯи Моҳрӯ — Одина ҳамин хел бачай бад бошад-а, Майрам-бибӣ? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Оё аз пагоҳ сар карда ба кор даромада метавонем? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Кошкӣ ман ҳам ягон бор дар қаноти вай парвоз мекардам!.. (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дили ман аз таре меларзид, ки мабодо даргирифта ба замин нағалтад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҳиссачаҳои ҳам, -ку, -ми, -дия, -да, -а, -е ва монандӣ инҳо бошанд, одатан пас аз калимаи алоқаманд меоянд. Масалан: Не, Моҳрӯ ба ин чизҳо ҳатто аҳамият ҳам намедиҳад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Дар он дам ман дар бораи вай фикре ҳам намекардам (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Кокула намехоҳам, бурида партоед! Бачаҳои дигар кокул надоранд-ку? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Акнун ба хонаатон печка шинондан гирем ҳам мешавад-ми? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Охир, ту ин кордро аз куҷо ёфтӣ? — Ёфтам-дия!.. (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Раммол шудааст гӯед-а! (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Намурад-е! — дар дилам мегуфтам ман дар ҳаққи лётчик.— Чӣ хел баланд парида рафт-а! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Гурӯҳҳои ҳиссачаҳо

Ҳиссачаҳо аз рӯи маъно ва вазифаашон ба чунин гурӯҳҳои асосӣ ҷудо мешаванд:

  1. Ҳиссачаҳое, ки тобишҳои гуногуни маъноии дар нутқ доштаи калимаҳоро ифода мекунанд.

  2. Ҳиссачаҳое, ки нисбат ба фактҳо муносибатро ифода мекунанд.

  3. Ҳиссачаҳое, ки ба гуфтор тобишҳои модалӣ ва модалӣ-иродавӣ медиҳанд.

пешина
аз 457
навбатӣ