Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
-
Ҳиссачаҳо, ки ҷиҳати ҳиссии нутқро таъкид ва ё ифоданокии онро пурқувват мегардонанд.
Ҳар яке аз ин гурӯҳҳо хелҳои гуногуни ҳиссачаҳоро дар бар мегирад, ки онҳо дар нутқ ин ё он вазифаи муайяни грамматикӣ доранд: -
Ҳиссачаҳои ифодакунандаи тобишҳои гуногуни маъноӣ
Ба ин гурӯҳ чунин хелҳои ҳиссачаҳо дохил мешаванд: ҳиссачаҳои ишорӣ, ҳиссачаҳои маҳдудӣ ва ҳиссачаҳои таъкидӣ.
а) Ҳиссачаҳои ишорӣ. Ин ҳиссачаҳо миқдоран кам буда, аз калимаҳои ана, мана, ҳӯ (хӯ, ҳо) иборат мебошанд. Ҳиссачаҳои ана, мана барои ишора кардан ба чизи наздик ва ҳиссачаи ҳӯ (хӯ, ҳо) барои ишора кардан ба чизи дур кор фармуда мешаванд: Ана ин гул, бачанам, «Анбаргул» ном дорад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Соҳиби пештараи ана ҳамин заводи моро ҳам рондаанд, ҳоло завод аз они мо... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аз ҳама ҳам душвортараш мана ин аст (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Додо, савғотии ба ман овардагиатон кани? — Мана! — Падарам хандида «тешуқнон» ва қандро нишон дод (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳӯ, дар ёд дорӣ, мо ба хонаи онҳо рафта будем... (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Ҳо, аз он тараф — ҷониби ҷанубу ғарбии кӯҳпораро нишон дод Ҳасан (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Баъзан ҳиссачаҳои ана ва ҳӯ (хӯ, ҳо) ҳамчун як ҳиссачаи таркибӣ кор фармуда мешаванд, ки дар ин маврид маънои ишорат боз ҳам пурқувват мегардад: Ҳо ана, дар байни он ду хона душман се тӯп мондааст (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Хонаат куҷо? — Ҳо ана, — гӯён занак бо сараш як хонаи бомаш хаспӯши дар он тарафи кӯча бударо нишон дод (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳо ана — ҷониби ҷанубу ғарбии кӯҳпораро нишон дод Ҳасан (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
б) Ҳиссачаҳои маҳдудӣ. Ба ин гурӯҳ ҳиссачаҳои фақат ва танҳо дохил мешаванд, ки онҳо ба калима, ибора ва ё ҷумла тобиши маҳдудӣ мебахшанд: Фақат модаркалонам дар канор нишаста буд ва ба ҳеҷ кадоми он чизҳо даст намерасонд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аммо ӯ фақат аз мошинаҳо домангир буду ҳалос (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Фақат ба сӯи Зайнаб нигоҳе карда монд, ки шеър, албатта ба вай бахшида шуда буд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Танҳо ба модарат гӯй, аммо ба дигар кас нафаҳмон (П. Толис, Ҳикояҳо).
в) Ҳиссачаҳои таъкидӣ. Ба ин гурӯҳ ҳиссачаҳои ҳатто, ҳам, боз дохил мешаванд. Ин ҳиссачаҳо барои таъкид намудани маънои калима, ибора ё ҷумла ва пурқувват гардонидани таъсири нутқ хизмат мекунанд: Шариф ба вай ҳатто

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор