Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
нигоҳ ҳам накарда, қавоқашро андохта менишаст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳатто чӣ гуфтану чӣ монданро ҳам фикр карда мондам (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Дар он дам ман дар бораи вай фикре ҳам намекардам... (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Ман аз бисёрии фикру хаёлам ба он соя аҳамият надода, ба тарафи ӯ нигоҳе ҳам накардам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Дигар ба ҳамон хел ҳарҳои муғамбир савор ҳам намешаваму... (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). ...Шариф ба вай ҳатто нигоҳ ҳам накарда, қавоқашро андохта менишаст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). ...боз шон Юнусбобои ордендор будаанд? (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
- Ҳиссачаҳо, ки нисбат ба фактҳо муносибатро ифода мекунанд
Ин гурӯҳи ҳиссачаҳо муносибати гӯяндаро нисбат ба фактҳо нишон медиҳанд, яъне нишон медиҳанд, ки гӯянда фактҳоеро, ки гап дар хусуси онҳо меравад, метавонад тасдиқ кунад, рад намояд ва ё дар бораашон пурсад. Ҳамин гуна ҳиссачаҳо ба се хел ҷудо мешаванд: ҳиссачаҳои тасдиқӣ, ҳиссачаҳои инкорӣ ва ҳиссачаҳои саволӣ.
а) Ҳиссачаҳои тасдиқӣ. Ҳиссачаҳои ҳа (ҳо), бале, оре ва хуб (хӯб, хӯш), хайр ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд, ки онҳо асосан маънои тасдиқ ва розигиро ифода менамоянд. Ҳиссачаи ҳа (ҳо) нисбат ба ҳиссачаҳои бале ва оре серистеъмол буда, вай чӣ дар забони адабӣ ва чӣ дар забони гуфтугӯӣ ниҳоят зиёд кор фармуда мешавад. Вай ҳамчун ифодакунандаи маънои тасдиқ дар мавридҳои зерин кор фармуда мешавад:
-
Барои тасдиқи фикри гуфташуда: Худо ба ту аҷаб зӯру қувват дода будааст, Умархон! — Ҳо, лекин мулк надод, обу замин надод, ки ман ин зӯру қувватамро дар онҳо кор фармоям... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Мақсад ҳамин, ки мардум хонанду босавод шаванд. — Ҳо, раҳмат ба шумо, падар. Муддаои ман ҳамин (А. Деҳотӣ, Нур дар кӯҳистон).
-
Дар мавриди ба савол ҷавоб гардонидан: Ҳаво бисёр хунук-мӣ, Баҳром? — Ҳа, ҳаво хунук, шамоли изгирин... (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Бибӣ, аз дилатон ғазал бароварда истодаед-мӣ? — мепурсидам ман. — Ҳа... ана ҳозир ҳамааш мебарояд, баъд хонда медиҳам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
-
Ҳиссачаи ҳа (ҳо) ба гуфтаҳои пеш розӣ будани гӯяндаро мефаҳмонад. Дар ифодаи ин маъно вай бештар бо ҳиссачаи хуб ё ба калимаҳои модалии майлаш, дуруст, рост якҷоя омада, ифодаи маъниро пуркувват мегардонад: Ба ҳавлии мо ҳам омада истед, падар! — гуфт. — Ҳа, хуб! — гуфта монд мӯйсафед (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Аз кадом колхоз? — пурсид касе аз ӯ. — Аз колхози Будёнӣ, — ҷавоб дод Қосим ака. — Ҳа, дуруст, — гуфт хандида Норзода, — беҳуда ҷовандоз набудаед (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор