Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Ҳиссачаи ҳа (ҳо) хулосабарории мантиқиро таъкид карда метавонад: Магар аз ин пеш Москваро надида будӣ? — Не, надида будам.— Ҳа, барои ҳамин ҳам қишлоқиҳо барин ҳушат рафта монда будааст-дия (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Баъд аз маҷлис Рашидов Шодиро ба канор ҷег зада камтар мусоҳиба кард.— Ҳо, маълум мешавад, ки тайёрии кам дидаед,— гуфт вай (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Дар ифодаи маъноҳои болоӣ ҳиссачаи ҳа (ҳо) такрор шуда низ меояд ё ин ки бо ҳиссачаи бале якҷоя кор фармуда мешавад, ки он гоҳ ифодаи маъно боз ҳам пуркувват мегардад: Ҳар сеи моро якҷоя бардошта, чарх занонед канӣ! — гуфта монд Муҳаббатҷон.— Ҳа, ҳа, ҳар сеи моро якҷоя!...— гуфт Ғаниҷон (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Ярашев не, Ершов! Ершов! Ҳо-ҳо, бале, Ершов,— қабул кард падарам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Се-чор каси ба нутқ мебаромадагиро ҳам ёфта тайёр карда мондетон-мӣ, охир? — Ҳа, ҳа, албатта рафиқ Собиров,— гуфт дилпурона раис... (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳа, бале, мутлақо дуруст гуфтед, рафиқ Собиров... (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ҳиссачаи ҳа (ҳо) ба ғайр аз маънои тасдиқ дар ифодаи маъноҳои зерин низ кор фармуда мешавад:

а) Дар ифодаи якбора ба хотир овардани чизи фаромӯшшуда: Ҳа, бибетон садқа, якбора дуредгари колхозро пурсида, зудтар чораи ин дару тирезаҳои шалақро ҳам бинед... (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳа, дарвоқеъ духтарам, «будильник»-атро рост карда мон, худаш бедор мекунад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ҳа, воқеан, раис, масъалаи ему хошокро ҳам бо як кас пазонда мондам, ҷояш камтар дуртару лекин нақд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

б) Барои таъкиди ифодаи пурсиш: Ҳа, мӯйсафед, ба хайр? — зуд аз аспаш фуромада пурсид Одил (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳа, Бобоҷонако, аз осмон ягон чизи ғалатӣ ёфтад-мӣ, чашм намеканед? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ҳа, ба чӣ механдӣ? — пурсид акои Олим ҷиддӣ ба саркор нигоҳ карда (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ҳиссачаҳои бале ва оре нисбат ба ҳиссачаи ҳа (ҳо) камистеъмолтар буда, бештар ба нутқи китобатӣ хос мебошанд. Ин ҳиссачаҳо низ асосан барои ифодаи тасдиқи фикр кор фармуда мешаванд: Инженери об шудӣ? — Бале. (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Чашм нарасад, кӯчаҳоро пур карда гаштани одамҳо чӣ хел хуб аст, Муллоҳодӣ,— гуфт Юнусбобо.— Бале, одам бошад, ободонӣ ҳаст шарик,— илова намуд Ҳодӣ-кӯса (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Оре, ин бе муболиға гапи рост аст, рафиқ Рустамов (Ф. Ниёзӣ, Вафо). ... гапи Юнусбоборо тасдиқ карда гуфт: Оре, ин хел касон кам нестанд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Магар аз шумоён некӣ умед кардан мумкин аст? — пурсид Дима.— Оре, аз мо умед кардан мумкин... (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ҳиссачаи хуб (хӯб, хӯш, хайр) розигиро ифода мекунад:

пешина
аз 457
навбатӣ