Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ин корро ба ту месупорам, ба иҷро шурӯъ кун. — Хуб, рафиқ командир (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Тамошо кардед, акнун равед! — Хуб, ана ҳозир меравем, — ҷавоб дод Маша (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Пагоҳ ҳар ду ба он ҷо меравем, ҳуб-мӣ? — Хайр, — розӣ шуд ӯ (Газ. Комсомоли Тоҷикистон).
Барои ифода намудани маънои тасдиқ ва розӣгӣ бо ҳамаи тобишҳояш ба ғайр аз ҳиссачаҳои дар боло зикрёфта як қатор калимаҳои модалӣ низ кор фармуда мешаванд:
Калимаҳои модалии рост, дуруст, ҳамин тавр (ҳамту), албатта, майлаш дар ифодаи тасдиқ кор фармуда мешаванд:
...гуфтаҳои Ҳодӣ-кӯсаро тасдиқ карда илова намуд: Рост, худи ман се бузкаши ҷовандозро медонам, ки дар умрашон як бор ҳам аз тӯда бо дасти хушк набаромадаанд (Ф. Ниёзӣ, Вафо). • Дуруст, — ҷавоб дод старшина сарашро ҷунбонда (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳамин тавр, Юнус-бобо, ҳаққи гапро гуфтед (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ҳамин кор ба ту мефорад-мӣ? — пурсид Қосим ханда карда. — Албатта! — гуфт Зубайда (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Аз шумо муаллимҳу умеди мо ҳамин, ки фарзандонамонро падару модарона тарбия кунед. — Албатта, модарҷон, — мегуфт дар ҷавоб директори мактаб (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Майлаш, ту набошад, аспакӣ рав, ман ҳамроҳи инҳо бо ароба меравам (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Майлаш, ман бе дутор ашӯла мехонам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ба театр барем, меравӣ? — Майлаш! — розӣгӣ дод Самеъ (П. Толис, Ҳикояҳо).
Баъзан барои пурқувваттар ифода намудани маънои тасдиқ ё розӣгӣ ҳиссачаҳои ҳа (ҳо) ва хуб (хӯб, хӯш, хайр) дар якҷоягӣ бо калимаҳои модалӣ ё ин ки ду калимаи модалӣ дар як таркиб кор фармуда мешаванд: Аз колхози Будённый, — ҷавоб дод Қосим-ака. — Ҳа, дуруст, — гуфт хандида Норзода... (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Се-чор каси ба нутқ мебаромадагиро ҳам ёфта тайёр карда мондотон-мӣ, Одил? — Ҳа, ҳа, албатта, рафиқ Собиров, — гуфт дилпурона раис (Ф. Ниёзӣ, Вафо). — Набошад, имрӯз бегоҳӣ бачаҳоро хабар кунед, маҷлис мекунем.— Хайр, майлаш, — гуфт муаллим аз ҷо бархоста (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
б) Ҳиссачаҳои инкорӣ: не, на. Ҳиссачаи не мазмуни ҷумлаи пеш омадагиро инкор мекунад: Ту худат хӯрок хӯрдӣ? — Не. (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Сар деҳ, ту Пӯлод нестӣ! — Ман Пӯлод.— Не! (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дигар гап надорӣ-мӣ? — Не, — гуфт Алӣ (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ба гапатон, ман гӯш мекунам.—Не, Шумо ба гапи ман гӯш намекунед (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ин аспатон магар хоназод аст? — гуфта ман аз соҳиби асп пурсидам.— Не! — гуфт ӯ, — ба наздикӣ аз як меҳмоне, ки аз Самарқанд омада буд, даҳ ҳазор танга пули нақд ва се қабат сарупой дода гирифтам (С. Айнӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор