Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Асарҳои мунтахаб). Газераи имрӯзаро хондӣ, Одил? — Не, ҳанӯз фурсати газетахонӣ ҳам нашудааст (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҳиссачаи не бо хабари номии ҷумла омада метавонад: Набзатон бад не, — гуфт занак (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Ба модаратон ҳам осон не (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Асло мулло шуданатон даркор не... (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Ҳиссачаи не баъзан такрор шуда омада, ба инкори фикр таъкид мекунад: Сурайё механдиду поҳояшро дароз карда нишаста мегуфт: — Не, не, даркор не! (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Аммо мехоҳам як қадар аз дур даромад кунам, оё шумо монда намешавад? — Не, не, бемалол тап задан гиред (Ф. Ниёзӣ, Вафо). — Э, нағз нашуд-дия, падар! Шуморо безобита кардем. — Не, не, — гуфт мӯйсафед, — худӣ мо ҳам бедор будем (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Ҳиссачаи на одатан барои муқобили якдигар гузоштани аъзоҳои чидаи ҷумла кор фармуда мешавад: Агар ман ин хизмати шуморо адо кунам, на аз барои музд, балки барои ошноии чандинсолаи писаратон мекунам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). ... кори гадоёни бекасукӯй аст, на пешаи одами сарватманди чанд ҳуҷрадор (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
в) Ҳиссачаҳои саволӣ. Ҳиссачаҳои саволӣ дар забони адабии тоҷик яке аз воситаҳои асосии ифодакунандаи пурсиш ба шумор мераванд. Ин ҳиссачаҳо миқдоран зиёд буда, аз -мӣ, -чӣ, оё, а, магар, наход, наход ки, на ин ки иборат мебошанд. Ҳиссачаҳои -мӣ, -чӣ, -а, наход, наход ки умумӣ буда, ҳиссачаҳои оё ва магар бештар ба нутқи китобӣ хос мебошанд. Ҳиссачаҳои саволӣ на фақат танҳо пурсишро ифода менамоянд, балки ба нутқ тобишҳои маъноии ҳиссӣ-иродавӣ низ дода метавонанд.
Ҳиссачаи -мӣ пурсишро мефаҳмонад: — Мана! — падарам хандида тещуқнон ва қандро нишон дод. — Инҳо савғотии ганда-мӣ? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Акнун ба хонаатон печка нишондан гирем ҳам, мешавад-мӣ? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Истамбой, як дам гирем-мӣ? (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Келиноим, дари кӯча тақ-тақ, — гуфт модар ба ӯ, — як хабар намегиред-мӣ? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Ҳиссачаи саволии -чӣ пеш аз фикри гуфташуда омада, ифодаи маънои пурсишро таъкид мекунад: Чӣ, мехоҳӣ, ки акнун котиби райком ҳам дар ҳар вақт, ки ба колхоз омадани шавад, бояд пешакӣ ба ту хабар диҳад? (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Чӣ, ба ҷои Домулло Мирҳалим шайх шудани булед-мӣ? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Чӣ, магар вай аз касе худро пинҳон кардан мехоҳад? (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).
Ҳиссачаи -чӣ баъд аз калимаи алоқаманд омада ин маъноҳоро ифода менамояд:
а) Пурсишро мефаҳмонад: Буз тайёр-мӣ? — пурсид аз ӯ раис.— Тайёр, — ҷавод дод Улфатов.— Мукофотҳо чӣ? — пурсид

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор