Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
раиси комиҷроия (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ғайр аз шумо, муаллима Зебӣ, Юнус-бобо ҳанӯз ба дигар кас нагуфтаам. Ба модарат чӣ? — Не. (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Чанд сар барзагов доред?— «Барзагов надорам», — гуфт Қосимҷон... Асп чӣ? (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
б) Пурсишро ба таври таклиф ё хоҳиш мефаҳмонанд: Боз ягонта чой дам карда биёям-чӣ? (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Як бор ман пурсидам: — Палав мепазем гӯям-чӣ? (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна).
Дар ифодаи маъноҳои таклифу хоҳиш баъзан ҷиҳати саволии ҳиссачаи чӣ суст гардида, вай бо ҳиссачаи қани наздик мешавад ва ҷиҳати ҳиссии нутқро таъкид мекунад: Мо ба қадри ҳоламон як чиз харидем, бинед-чӣ, харидамон дуруст аст ё не (П. Толис, Ҳикояҳо). Қани, Шумо гӯед-чӣ, киҳо ба большевикон ёрӣ доданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).
Ҳиссачаи оё нисбатан камистеъмол буда, характери китобатӣ дорад. Ин ҳиссача асосан саволи шубҳаомезро ифода мекунад: Оё аз пагоҳ сар карда ба кор даромада метавонем?
(Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Оё аз ин кор ҳеҷ кас бохабар нест?
(Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Оё ҳамин гапҳо боиси ситеза кардан аст, духтарам? (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҳиссачаи -а, одатан дар охири ҷумла омада, барои таъкиди саволи додашуда кор фармуда мешавад, ё ин ки пурсиши дубораро мефаҳмонанд: Раисро мешиносед-а, Кароматов? (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ба омаданамон ду ҳафта шуд-а, Шариф? — ба рафиқи худ муроҷиат кард Ҳаит (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ту бошӣ, албатта сардори цех мешавӣ, а Розичка? — пурсид ӯ бо навозиш (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Ҳиссачаи -а низ саволро ба таври таклиф ифода карда метавонад: Пеш аз рафтан як сӯҳбати аҷоиб карда ғубори дилҳоро барорем-а, чӣ гуфтӣ? (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҳиссачаи а дар ифодаи пурсиш баъзан дар аввал ё охири ҷумла, дар танҳоӣ низ омада метавонад: Фиристонандааш, — Солеев ба хати рӯи конверт нигоҳ карда. — Саодатбибӣ Шарифова, коргарзани артели либосдӯзӣ. А! Ин модари ман аст, — фарёд кард Султон... (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). — А, Латиф, туй? — Сафар бо овози баланд ӯро ном гирифта... (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Барои ифода намудани пурсиш ҳиссачаи магар низ кор фармуда мешавад. Вале вай аз ҷиҳати тобишҳои модалӣ доштанаш аз дигар ҳиссачаҳои саволӣ фарқ мекунад. Ин ҳиссача пурсишро ба таври тахмину эҳтимол ифода менамояд:
...номи ин қишлоқ... номи қишлоқ... ҳа, номаш аз бисёрии ҷӯй гирифта шудааст. — Ҷӯйбор магар? (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Додар! Шумо, магар ба ман кор доред? — гуфта пурсид (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Чӣ, ин магар сабаби хафагии шумо шуд, Зебӣ? (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Шумо ҳоло ҳам бедоред, магар? (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор