Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Ҳиссачаҳои наход, наход ки, на ин ки маънои саволро бо тобиши тааҷҷуб ифода менамоянд: Наход ҳамаи ин гапҳо рост бошанд? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Наход ҳоло ҳам очаро надида бошед? (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Наход ки аз сари ваъда-амон набаромада мемонем-а? — мегуфт чинакчии тезчин Ҳанифа (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Наход ки Пӯлод ҳам большевик бошад? (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). На ин ки ҳамин ҳавои на он қадар сард ба пои одам таъсир кунад, — гуфт Қорӣ... (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
- Ҳиссачаҳо, ки ба гуфтор тобишҳои модалӣ ва модалӣ-иродавӣ медиҳанд
Ҳиссачаҳое, ки нисбат ба гуфтаи худ муносибати хоҳишмандии ва имконпазири доштани гӯяндаро мефаҳмонанд, ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд. Ин ҳиссачаҳо аз ҷиҳати тобишҳошон ду хел мешаванд:
- Ҳиссачаҳо ва калимаҳои модалӣ.
- Ҳиссачаҳои модалӣ-иродавӣ.
Ҳиссачаҳо ва калимаҳои модалӣ
Ба ин гурӯҳ ҳиссачаҳои модалии кошкӣ, илоҳӣ//илоҳим, мабодо, рафту//раваду, гӯё//гӯё ки ва калимаву ибораҳои модалии даркор, эҳтимол, бояд, шояд, аз афти кор, аз афташ, албатта, бешубҳа, ҳатман дохил мешаванд.
Ҳиссачаҳо ва калимаҳои модалии мазкур мефаҳмонанд, ки гӯянда нисбат ба гуфтаи худ муносибати имконпазирӣ дорад, яъне вай иҷрои гуфтаи худро орзу мекунад, онро зарур мешуморад ва барои иҷрои он боварӣ ё гумон дорад.
Ҳиссачаҳои кошкӣ, илоҳӣ//илоҳим орзуро ифода менамоянд: Кошкӣ ман ҳам ягон бор дар қаноти вай парвоз мекардам!.. (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Канӣ, кошкӣ ҳозир ҳам ҳамин хел бузкашию ҳамин хел ҷовандозони номдор мешуданд... (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Аэроплан чӣ хел парранда бошад? Кошкӣ як бор аз наздик медидам! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Илоҳӣ калон шавӣ, бою бадавлат шавӣ, кӯзичаи очаш, — мегуфт модаркалонам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Хайр, илоҳим саломат бошед! (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Илоҳӣ ҳеҷ гоҳ аз дида дур нашавед-е, ҷони ширин (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҳиссачаи мабодо ба иҷрои гуфтаи худ тахмин ва гумон доштани гӯяндаро мефаҳмонад: Дили ман аз тарс меларзид, ки мабодо вай даргирифта ба замин нагалтад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳа, Аминҷон, имрӯз ба ту чӣ шуд? Мабодо нотоб-ку нестӣ? (П. Толис, Ҳикояҳо). Чӯра-батрак ба рӯи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор