Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шодӣ нигоҳ мекард, ки мабодо ӯро хез, гап зан — гуфта аз ҷо нахезонад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). ...мабодо боз ба нафсашон нарасад, гуфта андеша мекунам-дия... (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ҳиссачаи рафту//раваду аз ҷиҳати маъно ба ҳиссачаи мабодо наздик буда, дар бораи ягон ҳодисаи тасодуфӣ гумонро мефаҳмонад: — Онаҷон, гуфта намешавад-дия, рафту аз падарам дер монам, — «дугонааш Дилбар ҳозиракак омада, ба хонаашон гирифта рафт» гӯй, хуб-мӣ? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ба ҳар ҳол ба пешвозгирии Шодӣ тайёрӣ дидан лозим. Рафту бо ҳамроҳии Рашидов омада монад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). — Чӣ шуд ба ту, Шариф? — ...раваду ин одам ба мо некӣ карданӣ бошад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ҳиссачаҳои гӯё ва гӯё ки монандкуниро бо тобиши шубҳа мефаҳмонанд: ...доду фаръёди бачагон гӯё боми мактабро ба осмон мебардошт (С. Айнӣ, Мактаби кӯҳна). Мирзодиккак ба як паҳлу ғелида ҳамон лаҳза боз хеста нишаст, гӯё ки бо забони ҳол ва амал ба сӯфӣ: «Ана дар ҳамин ҷо нишастан мегирам, аз ту наметарсам» мегуфт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Тамоми вуҷуди Пӯлод гӯё ки гӯш шуда буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Николаев сипоҳигарӣ накарда, бо ман ҳамту монандӣ ошно муомила кард, гӯё ки ман ҳам аз калонҳои завод бошам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Калимаи модалии даркор баъд аз аорист омада, тахминро бо тобиши зарурият ифода менамояд: — Норинисо кай аз кор меояд? — Ҳозир омада монад даркор (П. Толис, Ҳикояҳо). Ғайр аз ин фикр мекунам, ки бухгалтер ҳам одами дуруст набошад даркор (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ту ҳеҷ аз ҳамин шаҳр набаромада бошӣ даркор (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Шумо ҳанӯз ба ҷанг надаромада бошед даркор (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Калимаи модалии эҳтимол имкониятро бо тобиши шубҳа мефаҳмонад: Эҳтимол баъд аз ду-се рӯз ба қишлоқи мо комиссия биёяд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). ...Агар «хоҷаҳофиз»-и худам мебуд, эҳтимол хонда метавонистам, — гуфт бо як оҳанги маъюсона (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аммо худи мингбошӣ ҳам, эҳтимол ба падарам аз ҷазое, ки мироб ба ӯ дод, ҷазои сахттаре дода наметавонист (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Таркиби модалии аз афти кор, аз афташ ба имконияти хулосабарории мантиқии худ тахмин доштани гӯяндаро ифода менамояд: Урунбой-ака хомӯш монд, ӯ аз афти кор, фаҳмиданӣ буд, ки суханҳояш чӣ гуна таъсир мегузоранд (П. Толис, Ҳикояҳо). Аз афти кор саводнокӣ ва «аз авлодӣ хоҷаҳо» будани модарам сабаб шуда буд, ки соҳибаи хона якбора муносибаташро ба мо дигар кард (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Чор-панҷ рӯз дар Сталинобод гашта, суруди мурғони хушовози моро ҳам пазмон шудӣ, аз афташ? (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Модарам рангаш канда ба мижа задан даромад. Аз афташ вай ҳам монандӣ ман Ершовро ба хотир оварда буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Гардам, аз

пешина
аз 457
навбатӣ