Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

афташ, шумо ҳам ба пешвозгирии ягон кас баромадед... (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Маънои имконият бо тобиши тахмин ба воситаи калимаҳои модалии бояд, шояд низ ифода карда мешавад: Модом ки рост истоданду намеғалтанд, бояд зинда бошанд, — хандида гуфт падарам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Аз хусуси ягон Пӯлоди дигар гап мерафтасти ва шумо шояд... беҳуда гумонбар бошед (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Шояд ин духтари хушсару либос заншавандаи ӯст? (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Калимаи модалии бояд дар ифодаи ин маъно бештар бо шакли аористи феъли будан — бошад якҷоя ҳамчун як таркиб кор фармуда мешавад: Сартарош, барои паст кардани оташи Қорӣ-ишкамба бояд бошад, — ман ҳазл кардам-дия, Қорӣ-амак, — гуфт... (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Гулҷамол аз таъсири ҳамин хел ҳикояҳои Муҳаммадҷон бояд бошад, ки духтари хеле шармгин, бомулоҳиза ва боадаб шудааст (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Калимаи модалии бояд, мебоист заруриятро ифода мекунад: Акнун ба пеши интихобкунандагон бояд равад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ба онҳо акнун мо бояд саробонӣ кунем (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Акнун мебоист ба зудӣ ба хонаи ӯ мерафтам (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Шахси институти педагогиро тамом кардагӣ мебоист камаш се сол дар соҳаи маориф кор кунад.

Ҳиссачаҳои модалӣ-иродавӣ

Ҳиссачаҳои ин гурӯҳ ба гуфтор тобишҳои гуногуни модалӣ-иродавӣ медиҳанд. Онҳо ба иҷрои амал водор кардан, даъват намудан, раво будани иҷрои амал, нисбат ба иҷрои амал хоҳиш, розигӣ ва ғайраҳоро мефаҳмонанд.

Ҳиссачаҳои канӣ, биё (биёед), мон (монед), бигузор (бигзор, бизоред) ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд.

Ин ҳиссачаҳо бевосита бо феъл алоқаманд мебошанд. Онҳо ҳамчун қоида бо феълҳои сиғаи амр ё аорист кор фармуда мешаванд: Канӣ, Юнусбобо, шумо сар шуда, ба ҳар ароба чор-панҷ касӣ шишта рафтан гиретон, — таклиф кард акои Олим... (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Хуш омадӣ, писар. Канӣ гап зан, мактабро тамом кардӣ? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Ҳар сеи моро бардошта чарх занонед канӣ! — гуфта монд Муҳаббатҷон (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). — Канӣ, Собир, ту ҳам баро! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). — Канӣ, бобо, ковед, бинем (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Мон, ба гапу гапча тобам нест (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Хайр, монед, як кофта бинанд... (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Биё, Мирзодиккакро ба даруни ин хӯрчин андохта монда, резаворфурӯшро метарсонем

пешина
аз 457
навбатӣ