Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
(С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Хайр, биёед, ин гапҳоро ба як сӯ монем, Улфатов, канӣ, дуторро гирифта чорта нохун занед... (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Хуб, биёед, зиёдатии қимати масолеҳро ва музди дӯхтро ба шумо гузашт кунем (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Бигузор, худаш бо чашмаш бинад (П. Толис, Ҳикояҳо). Бигзор, ин масъалаи ниҳоят муҳимро муҳокима кунанд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Чӣ ҳам мегуфтам, табрик мекунам, бигзор, хонад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Бигзоред, ғундошта бурда зери хок кунанд, чӣ бадӣ дорад, — гуфт Зарифзода (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Барои пурқувват шудани тобиши маъно ва ифоданокии нутқ ду ҳиссачайи ин гурӯҳ ҳамроҳ ва ё як ҳиссача такрор шуда омада метавонад: Биё, мон, ба вай мо чӣ кор дорем!
(Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Бед монед, алами кӯҳнаро тоза накунем (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Хайр, биё мон, дар пеши меҳмон баҳсу мунозира хуб нест, гуфт Воҳидов (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҳиссачайи канӣ дар мавриди бе феъл омаданаш пурсишро ифода карда, аз ҷиҳати вазифа ба ҷонишинҳои саволӣ наздик мешавад: Канӣ асос барои ин даъво? — тарҳи рӯи Сафар боз ҷиддитар гардид (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Дадо, савғотии ба ман овардагиатон канӣ?... (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Канӣ он байрақ? (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҳиссачаҳое, ки ҷиҳати ҳиссии нутқро таъкид
карда, ифоданокии онро пурқувват мегардонанд
Ҳиссачаҳои ин гурӯҳ ҷиҳати ҳиссии нутқро таъкид менамоянд, ба гуфтор тобишҳои эмоционалӣ-экспрессивӣ медиҳанд ва ифоданокии нутқро пурқувват мегардонанд. Дар истеъмоли ҳиссачаҳои ин гурӯҳ роли интонация калон аст. Онҳо асосан бо ҳамроҳии интонация ин ё он тобиши ҳиссии нутқро таъкид карда метавонанд.
Ба ин гурӯҳ ҳиссачаҳои охир, дия, -да, е (э), -ку, -куя дохил мешаванд. Ҳиссачаҳои мазкур асосан дар нутқи гуфтугӯӣ ва дар нутқи диалогии асарҳои бадеӣ кор фармуда мешаванд.
Ҳиссачайи охир нисбат ба ҳиссачаҳои дигари ин гурӯҳ аз ҷиҳати маъно мустақилтар буда, вобаста ба интонация чунин тобишҳоро ифода менамояд:
а) Дар ҷумлаҳои саволӣ оҳанги саволро таъкид мекунад:
Охир, ту ин корро аз куҷо ёфтӣ? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Охир, бачаи бечора чӣ кор кунад? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
б) Дар мавридҳои дигар ҷиҳати ҳиссии нутқро таъкид
карда, ифоданокиро пурқувват мегардонад: Охир, медонист,
435

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор