Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ки то омадани падараш ризқурӯзии мо ҳамин орд буд! (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). О, ба як ҷо шин охир! (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Охир ҳоло Зайнаб он Зайнабе нест, ки шаш сол пеш аз ин буд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Ҳиссачаҳои дигари ин гурӯҳ: -дия, -да, -е (э), -ку, -куя низ асосан тобишҳои гуногуни ҳиссии нутқро таъкид карда, ифоданокии онро пурқувват мегардонанд. Ин ҳиссачаҳо нисбат ба фикри гуфташуда азми боваринокӣ, хашму ғазаб, эътироз, таҳдид барин тобишҳои ҳиссии нутқро таъкид мекунанд: Моҳрӯи шӯраш хушк шудагӣ бекора доду бедод наменакардааст-дия! (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Охир, ту ин кордро аз куҷо ёфтӣ? — Ёфтам-дия (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Бесабаб хафа шуда шиштӣ-да (П. Толис, Ҳикояҳо). — У-ӯ ба-ло-е, ҳоло ба мактабхоният як моҳ ҳам нашуда аллакай бо перою сиёҳӣ хат навиштан мехоҳӣ? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Уббо, духтур-е! — гуфт вай (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).— Э раис, мегӯям-ку, илми камина лотинӣ бошад ҳам, майна мувофиқи замона нағз кор мекунад, — ҷавоб дод Улфатов... (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Ман номи туро гирифта цеғ назадаам-ку! (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Ҳиссачаи -ку бо ҳиссачаи -а якҷоя дар шакли -куя омада метавонад, ки дар ин вақт маънои тасдиқ ва азми боварӣ таъкид карда мешавад:... Ҳоло ин қадар бевақт не-куя, — гӯён Зеби ба соати деворӣ нигоҳ кард (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Кайфи хуб дорад-куя (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Гапат ҳақ аст-куя, Мамараҷаб писарам, — ҷавоб дод Юнусбобо (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

Ҳиссачаи -ку вобаста ба интонация оҳанги саволро низ таъкид карда метавонад: Қадат ба чордаҳсола монанд нест-ку? (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Хӯш, ана, ту нодуруст гуфтӣ, ман дурусташро гуфтам, чӣ шудааст, осмон омада ба замин начаспидааст-ку? (Ф. Ниёзӣ, Вафо). Маҷлиси партиявӣ якуним соат пештар тамом шуда буд-ку? (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам).

Калимаи як низ ҳамчун ҳиссача кор фармуда мешавад. Вай бо шумораи як алоқаи зич дошта, ҳамчун ҳиссача маънои лексикиашро пурра гум накардааст: Духтарат Назираро як бедор кун, бинад-чӣ, чӣ хел навиштаам... (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Як ба ин тарафу он тараф нигоҳ кунед, зоро дида монем (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Як фақат Зайнаб ҳавобаландии худро напартофта, қасдан бебокӣ мекард... (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). — Ҳа, баъзе корҳои мактабро барвақттар анҷом дода, баъд як ба идораи колхоз рафтани ҳастам, — ҷавоб дод Зеби... (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

пешина
аз 457
навбатӣ