Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

НИДО

НИДО ҲАМЧУН ҲИССАИ НУТҚ

Нидо ба имою ишора ва интонация алоқаманд аст. Маънои нидо на фақат ба воситаи овоз, балки бо оҳанги нутқ низ ифода меёбад. Оҳанги муассир нисбат ба миқдори калимаҳои мантиқии нутқ муносибати баръакс дорад: тааҷҷубу ҳайратро бо ҷумлаи мураккаб (Ман ҳайронам, ки ту дар ин ҷо чӣ тавр пайдо шудӣ) ва бо як нидо (Оҳҳо!), ки бо лаҳни махсус (-о -и мадиду пастшаванда) ва имою ишора (бикшодани чашм, боло кашидани абру, бардоштани китф, ба росту чап ҷунбонидани сар ва ғ.) сурат мегирад, ифода намудан мумкин аст.

Нидо аз зумраи калимаҳоест, ки маънои луғавӣ надоранд, эҳсоси ботину зоҳирии гӯяндаро нисбат ба нутқи ҳамсӯҳбат ва ашъёю ҳодисаи дунёи воқеъ бо аломатҳои махсус ифода менамоянд. Нидо дар забони ҳозираи тоҷик ҳиссаи муҳими нутқи соф фардиро ташкил карда, таассуроту ҳиссиёт, хашму ғазаб ва ҳаяҷони бевоситаро ифода менамояд ва таъсири забони интеллектуалиро равшан акс менамояд ва аз ин ваҷҳ ба ҳиссаи нутқ наздик аст.

Ҳамин тавр, ҳиссаи нутқе, ки ҳаяҷону ҳиссиёти гуногун ва изҳори иродаро ифода мекунад, нидо номида мешавад:

Э, ҳамин вақт омадани онҳо!... Тавба, ман дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл! («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). О, Улфатов, сабр кунед, худоро шунидан баъд бердиашро ҳам шунавед-дия (Ф. Ниёзӣ). «Ааа, Раҳим, ин ту ҳастӣ? — мад кашида бо табассум ба ман нигариста пурсид ӯ (Р. Ҷалил). Ҳамин тавр, айнан ҳамин тавр!... Эҳ! Одамон чӣ қадар тез аз худ мераванд («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). Эҳа, шумо ҳам дар ҳамин ҷо-ку! («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). Дарё... Ба ҷӯш омадаву мавҷ мезанад, аҷабо!... Чӣ гуна барқ?! Чӣ сон мавҷ?! Оҳ!... Аҷаб!... Даҳшат!... (П. Сулаймонӣ).

ХЕЛҲОИ НИДО

Интонатсия аз аломати хеле муҳими тобиши маънои нидост. Нидоҳо аз рӯи маъно ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: ифодакунандаи ҳиссиёту ҳаяҷон ва ифодакунандаи ирода.

пешина
аз 457
навбатӣ