Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Нидоҳои ҳиссиёту ҳаяҷон
Нидоҳои ҳиссиёту ҳаяҷон маънои луғавӣ ва шакли муқаррарии калимасозӣ надоранд. Маънои онҳо дар матн ба воситаи оҳангу талаффузи бой ва гуногун ифода мегардад. Интонацияи нидоро ҳамеша имову ишораи мувофиқ ҳамроҳӣ мекунад.
Он чӣ, ки ба воситаи калима (ғам хӯрдан, хурсанд шудан, тантана кардан, шубҳа кардан, сарзаниш кардан, ба ваҷд омадан, нафрат кардан, афсӯс хӯрдан ва ғ.) ошкор намешавад, ба воситаи фонема (овоз) -и муайян ва имову ишораи махсус ифода меёбад. Нидо низ алоқаи одамро бо воқеаю ҳодисаи атроф бо мақсади муайян ба таври муъҷаз, мухтасар ва рехтаю бадеъ нишон медиҳад. Дар байни забон ва имову ишора алоқа ҳаст. Интонация ва имову ишора маънои калимаро тағйир медиҳанд ва ягон тобиши маъноӣ илова менамоянд.
Нидо ҳамчун таассуроти бевоситаи муҳит бо ҳаракати бадан ва имову ишораи рӯй алоқа дорад. Агар ба воситаи нидо муносибати одам ба воқеият ифода шавад, тавассути имову ишора ин муносибат таъкиду мустаҳкам мешавад. Гоҳо бе сухан ҳам метавон фаҳмид, ки муносибати байни ду шахси вохӯрда чӣ гуна аст. Масалан, танҳо як ҳаракати чашм басанда аст, ки боварӣ ва эътиқод решакан шавад. Бо оҳанги ҳалиму ҳиллагарона ва имову таскинбахш ба ҳамсӯҳбатамон «Ман қадри шуморо медонам» мегӯем, аммо ба шахси сеюм нигоҳ мекунем ва чашмак мезанем, ки зимнан дурӯғ будани суханонамон ошкор мегардад.
Бе интонация ва имову ишораи рӯй, даст, сар, чашм, даҳон, лаб, китф ва ғайра нутқи ҳаяҷонбахшро тасаввур кардан душвор аст. Мавқеи интонация ва имову ишораи барои нидоҳое, ки маънои луғавӣ надоранд, махсусан калон аст. Умуман, нидо аз бобати интонация ва имову ишора нисбат ба дигар ҳиссаҳои нутқ бойтар аст. Дар нутқи хаттӣ махсусан дар адабиёти бадеъ аксар интонацияи нидо ташреҳ мешавад, масалан:
Дар ҳамин вақт дари ҳуҷра тик-тиқ шуда, сухани маҳдумро бурид ва Ҳайит «Хӯш!» гуфт, ки ба тик-тиқкунанда «дароед» гуфтан аст (С. Айнӣ). Ҳанӯз шумо бо собуни ман ҷома нашустаед. Ҳа! — гуфта аз ғазаб рагҳои гарданаш дам карда, рӯю гӯшҳояш суп-сурх шуданд (Р. Ҷалил).
Сарфи назар аз хусусияти умумиашон нидоҳои ҳиссиёту ҳаяҷон аз рӯи сохт ва маъно, аз вазифаи синтаксисӣ ва аз таърихи пайдоишу этимология фарқ мекунанд. Ба ин гурӯҳ, пеш аз ҳама нидоҳои якҳиҷою дуҳиҷоии э, о, а, е, и, эҳ, ох, ух, у, ай, ҳӯ, ҳе, уф, во, туф (туфу), вох, вах, вой, баҳ, аҳа, оҳо, оббо, эҳе, бай-бай, хуше, ура ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор