Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Маънои ин нидоҳо бештар ба воситаи интонасия муайян мешавад. Вобаста ба мазмуни матну ҷумла, вазъият, ҳолати рӯҳӣ ва таассуроти гӯянда барои ифодаи тобиши маънои гуногун оҳанги нидо низ тағйир меёбад. Масалан, нидои Э! маънои хурсандии, шодӣ, ваҷд, тааҷҷуб, ҳайрат, маломат, сарзаниш, таъна, тахмин, фарз, тарсу ваҳм, ҳарос, даҳшат, хавф, дард, озор, алам, ранҷ, норизоият, ҳасрат, андӯҳ, афсӯс, дареғ, истеҳзо, тамасхӯр, ришханд, ҳаҷв, таҳдид, дӯғу пӯписа, хатар, ноомади кор аз бадбахтии дигарон, ҷасорат, ҷуръат, бебокӣ, хашм, ғазаб, қаҳр ва амсоли онро ифода карда метавонад: Ҳамин ки чашми Исомиддин-махдум ба вай афтод: «Э... Мулло Азимшоҳ-ку» гуфта аз ҷояш часта хест (С. Айнӣ). Э, охир зуд бош! Ин қадар ту сусткорӣ, бобо? Ака-Салим ба мо нигарон аст дар он лаби дарё (С. Улуғзода). Э, Дохунда! Ҳанӯз ту содда будай. Магар ту надонистӣ, ки «об аз боло лой аст» (С. Айнӣ). «Э, бечора! — гӯён Сафар он кӯрпачаро аз рӯи суфаи меҳмонхона гирифта, ба он камбағал дароз карда: «Ма, инро гир, имшаб ба болои ҳамин бихоб!» (С. Айнӣ). Э, отунҷоне, гап бисӯру мову шумо хабар надорем (Ф. Ниёзӣ). Э, ҷоғам дар гӯр, ман чӣ гуфта истодаам. Илоҳӣ, ба туҳматон барака диҳад (С. Улуғзода). Э, доде! Охир маро Ҷалили Човандоз-писари Сулаймони Говзӯр мегӯянд. Дар байни ҷӯраҳоям масхара шудам... (С. Улуғзода). Э, қанд занед, ҷони акаш, ана ин гапи дигар: ҳар рӯз ҳамин тавр кор кунед («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). Ба ту, э сарби ноз, мунтазирам — Шод кун, шод кун, биё ба сарам (А. Лоҳутӣ). Э рафиқ лейтенант, барои ҳамин гапҳо ғам хӯрда худро коҳондан намеарзад, парво накунед-э (Ф. Ниёзӣ).
Нидоҳои якҳиҷоӣ, дуҳиҷоӣ ва сеҳиҷории зерин низ дар ҷумла ва дар матн вобаста ба шароиту вазъияти ифодаи фикр тобиши гуногуни сершумори маъноро ифода менамоянд: ҳа, о, а, е, буу, ий, и, эҳ, эҳе, эҳа, ох, оҳо, ӯҳу, ҳо, ҳе, ай, ай-ай, вой, воҳ (ваҳ), паҳ-паҳ, баҳ-баҳ, оббо (ӯббо) ва ғайра:
Ҳа! Фиребгар, ту дар ҳамин ҷой? Калимаатро хон, ман ҳозир туро ба ҷаҳаннам мефиристам! (С. Улуғзода). А... ҳам пул медиҳам, ҳам одам? Ин чӣ гуна ҷодугарист, ки кардӣ? (С. Айнӣ). Буу... Худо паноҳ диҳад! «Буз агар хирман мекӯфт, барзагов набуд» гуфтаанд одамҳои қадим (Р. Ҷалил). Ий, чиба фалокат бошад? Ба ту зебид, духтарам, ҷудо ҳам зебо-олиҷаноб шудӣ. Айни духтарии худам, келинчаки худам барин! (С. Улуғзода). Эҳ, тирмизак, акнун ту ҳам маро фириб додан мехоҳӣ (Ф. Ниёзӣ). Эҳе, соат ҳам қариб даҳ шудааст-ку (Ф. Ниёзӣ).
Ҳо!... ба хотирам расид. Дирӯз аз шаҳр чанд нафар муаллимаҳо омада буданд, маро ташвиқ карданд, ки ба марказ рафта бихонам (П. Сулаймонӣ). Вой, Ёдгор! Туро чаро мезанад, ба куҷо бурдан мехоҳад? (С. Айнӣ). Баҳ-баҳ! Орифӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор