Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
шеърбофиро мону ин аҷоиботро тамошо кун. Ин паланг ҳамин дам аз сафҳаи китоб ҷаста ману туро медаррад (С. Улуғзода). Ваҳ-ваҳ! Чӣ шабе, ки аз дидани рӯят — Шуд бахти ман он гуна чу хуршед! (А. Лоҳутӣ). Оббо, писараме, гӯр пирӣ шавад, қариб ки нашиносам-а! — гуфт охир Юнус-бобо, ҳаяҷони худро зер карда (Ф. Ниёзӣ).
Нидоҳое, ки аз ҳиссаҳои дигари нутқ бо роҳи гузариш ба вуҷуд омадаанд, низ сермаъноанд. Онҳо ҳанӯз пурра ба нидо нагузаштаанд. Дар мавриди гузариш тағйири талаффуз, ки маънои нидоро дигар мекунад, низ муҳим аст. Агар аз ҷумла берун бошанд, ин гурӯҳи нидоҳо ба сари худ ҳиссиёту ҳаяҷонеро ифода намекунанд. Тобиши маънои ҳаяҷону ҳиссиётеро ифода кардани нидоҳое, ки аз дигар ҳиссаҳои нутқ ба вуҷуд омадаанд, ба сохт ва мазмуни тамоми ҷумла ва, махсусан, ба интонация вобаста аст:
Охир, ман зиндаку! Сабр карда ист, ман шоҳидҳо дорам! («Пьесахӯи драматургони Тоҷикистон»). Ана, олам гулистон! Гуфти худам шуд, духтарам (Ф. Ниёзӣ). Аҳсант! Шакар ба даҳонат! Доди суханварӣ додӣ! (С. Улуғзода). Дасти нозук, латиф, соф, булӯр... Дур шуд, дух шуд зи ман... ҳайҳот! (П. Сулаймонӣ). Салом! Омадам, ки аҳволпурсӣ кунам. Ташаккур! Хайрият, ту восита шудию ин кас омаданд. Лаббай, дадеш мана ҷеғ зазад-мӣ? («Пьесахӯи драматургони Тоҷикистон»). Биё, писарам! Аз рӯи пояндоз қадам мон! Муборак бошад! («Пьесахӯи драматургони Тоҷикистон»).
Гоҳо барои ифодаи таассурот, ҳаяҷон ва ҳиссиёти баланд баъзе нидоҳое, ки аз дигар ҳиссаҳои нутқ гузаштаанд, бо шумораҳои миқдории сад ва ҳазор, бо калимаҳои хеле, бисёр ва ё бо нидоҳои аслӣ истеъмол мешаванд:
Ба раҳнамунии ҳизби Ленин ҳазор аҳсан, — Ки ҳар хароба бигаштааст рашки сад гулшан (Ҳ. Юсуфӣ). Хеле афсӯс, профессор, ба гумонам, падари маро намешиносед («Пьесахӯи драматургони Тоҷикистон»). Ҳай дареғ, сад дареғ! Рӯзи озодиро, ки ба пеши чашмам омадааст, надаида хоҳам сӯхт, васиятҳои Абдуллоҳӯҷаро ба ҷо оварда нахоҳам тавонист (С. Айнӣ).
Барои ифодаи ҳаяҷони баланд гоҳо суффикси ҷамъи -ҳо низ бо нидо истифода мешавад, масалан: Афсӯсҳо, ки умр бароят вафо накарда, — Сози ту нағмаи зафарашро адо накарда... (Ҳ. Юсуфӣ).
Нидоҳое, ки дар асл аз исм баромадаанд, дар шароити муайяни нутқ бо пайвандаки ки истифода мешаванд. Дар чунин мавриди пайвандаки ки аҳамияти ҷумлабандӣ надорад, вай фақат барои нигоҳ доштани хушоҳангиву мавзунии ҷумла меояд:
Афсӯс ки ҳақиқати ин воқеаро нафаҳмидам (С. Айнӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор