Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Ҳайфо, ки аз тарси хароб шудани чашм ин «шукуфазор»-ро бо серӣ тамошо кардан мумкин набуд (С. Айнӣ).

Одатан, маънои нидоҳое, ки аз дигар ҳиссаи нутқ омадааст, бештар ба воситаи интонация ифода меёбад. Дар мавриди аз дигар ҳиссаҳои нутқ ба категорияи нидо гузаштани калима тағйири оҳанг, ки маънои нидоро дигар мекунад, зиёда аҳамият дорад. Масалан, калимаи «салом» («салому алайкум», «ассалому алайкум», «ассалом») одатан ҳангоми вохӯрӣ ифодаи табрику таҳсин аст:

Салом, модарҷон! Аҳволатон, саломатиатон нағз аст? Кору боратон чӣ тавр аст? (Ф. Ниёзӣ). Ассалому алайкум, Моҳрӯнисо, канӣ, гап занед, аҳволатон чӣ тавр? (Р. Ҷалил).

Аммо калимаи «салом» (хусусан дар забони гуфтугӯ) тобиши гуногуни маъно (тааҷҷуб, ҳайрат, ҳасрату андӯҳ, сарзаниш, тамасхур ва ғ.) зоҳир менамояд:

Салом, Рашидҷон! Аз болои ман шикоят кардаӣ омадед? («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). Ассалому алайкум! Ман ба шумо пешакӣ гуфта будам, ки ин нақшаатон кор намеояд. Акнун ба сари гапи ман омадед? («Маориф ва маданият»). Салом, Шокирҷон! Ин қадар тумшуқат баланд шудааст! Магар дар ягон ҷои равғандор афтодаед («Тоҷикистони Советӣ»).

Нидоҳои ҳм, мм (ҳм серистеъмол аст) низ тобиши маъноии тахмин, истеҳзо, таҳайюр, шубҳа, дудилагию нобоварӣ, киноя, хомӯшии сермаъно ва ғайраро нишон дода метавонанд:

«Аз куҷо донистед, ки ман чорчинорӣ ҳастам»? «Ҳм... аз тӯпиат: танҳо тӯпии чорчинориҳо ин хел гул дорад» (П. Толис). «Ҳм»,— лаб газид муҳаррир бо тамасхур, — «рассом бояд фикри мустақил дошта бошад» («Хорпуштак»). Объекти ҳарбӣ... ҳм... фикри олиҷаноб! ... («Хорпуштак»). «Қасида ҳаст ё на»? Мм... Бале, ҳаст... Ҳамин соат... (С. Улуғзода).

Гурӯҳи нидоҳое ҷудо мешавад, ки нисбатан маънои устувор доранд. Нидоҳои туф (туфу, тфу, туфе) ҳа-ҳа-ҳа (ҳо-ҳо-ҳо, ҳи-ҳи-ҳи, ҳу-ҳу-ҳу, ки дар натиҷаи амалиёти муайян ва ё тассурот маъно пайдо мекунанд, ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд. Ҷиҳати овозии ин нидоҳо махсус буда, аз доираи системаи овозии забон берунанд. Дар хат онҳо тахминан ва шартан акс меёбанд.

Нидои туф (туфу, тфу, туфе) ҳамчун овози туф кардан маънои нафрат, беэътиноӣ, беҳурматӣ, хашм, оташинӣ, ҳасрат, алам ва ғайраро ифода мекунад:

Туф ба ин кисабурон, ки калонашон ҷаноби олист! (С. Айнӣ). Зи хуни башар хӯрдан, эй нобакор,— Туро то ба он ҷо расидаст кор,— Ки мулки Советро кунӣ орзу? — Туфу бар ту, эй гурғи малъун, туфу! (Ҳ. Юсуфӣ).

Ба воситаи нидои ҳа-ҳа-ҳа ва вариантҳои он (ҳо-ҳо-ҳо, ҳи-ҳи-ҳи, ҳу-ҳу-ҳу, ҳе-ҳе-ҳе) маънои масхараву мазох, писханду

пешина
аз 457
навбатӣ