Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

пичинг, тамаллуқкориву чоплусӣ, истеҳзову ханда ифода меёбад.

Ҳа-ҳа-ҳа! Э, намурӣ ту масхарабоз! («Садои Шарқ»). Чӣ? Гирья кардам? Ҳо-ҳо-ҳо... Нахобидам? Не, аз хоб сер шудам («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). Ҳамин тавр, боз аз об хушк баромадам. Ҳи-ҳи-ҳи! («Хорпуштак»).

Нидоҳои сулфидан, бо забону лаб садо баровардан, хуштак кажидан аз системаи овозии забон бисёр фарқ мекунанд. Ин нидоҳо тобиши маънои бозӣ, ҳазлу шӯхӣ, истеҳзою ҳаҷви сабук, ифодаи бартариро нишон медиҳанд.

Уҳу-ӯҳу-ӯҳу, сабил монад, нон дар гулуям дармонд, набошад ман ҷавоби ӯро дурусттар медонам (Р. Ҷалил). Лалай-лалай, аҷаб шуд, хомӯш менишастӣ, бозичаат сиҳат мемонд («Машъал»). Ҳушт-ҳушт, тарсидаме, ака, дар лабам табхол баромад, овоз бароред намешавад? («Маориф ва маданият»).

Нидоҳое, ки аз ҳиссаҳои мустақили нутқ баромадаанд ва маънои нисбатан устувор доранд, гурӯҳи ҷудогонаро ташкил мекунанд. Ин нидоҳо одатан маънои хитоби таҳнияту муборакбодӣ ва фараҳмандӣ, сипосу миннатдориро ифода менамоянд. Нидоҳои раҳмат, ташаккур, офарин, аҳсан (аҳсант), боракалло, табрик, саломат бошед ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

Маънои нидоҳое, ки ғаму ғусса, андӯҳу ҳузн, ҳасрат, дилгирӣ, мусибат, фалокат, дарду алам, норизоят ва ғайраро ифода мекунанд, низ устувор аст. Нидоҳои вой (э вой, эй вой, вое, вой-вой), воҳ (э воҳ, эй воҳ), воҳ-воҳ, во, оббо (ӯббо) аз ҳамин гурӯҳанд:

Вой, мани сиёҳбахт акнун чӣ кор мекунам? (С. Айнӣ). Э вой, мани бефаҳм! Ҷоғам дар гӯр, ман чӣ кор кардам-а! (С. Улуғзода). Вое, шавҳар накарда мур! (Р. Ҷалил). Оббо, гове! Ман чанд бор ба ту фаҳмонам! («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»).

Дилшикастагӣ, ғаму андӯҳ ва ё таАССУФ, дилсӯзӣ ва тараҳҳум ба воситаи нидоҳое, ки аз исм ба вуҷуд омадаанд (афсӯс, дареғ, ҳайф, ҳайҳот ва ғ.), ифода мешаванд:

Афсӯс, ки гӯш накард, ана оқибат ба худаш ҷабр шуд (Ф. Ниёзӣ). Мевазад аз канори дарёӣ бод, — Дода овоз меда-вад чолок... — Не ин овози бод не, ҳайҳот! (Ҳ. Юсуфӣ). Ҳай-фо, ки ба дам задан маҷол надошт (С. Айнӣ).

Дараҷаи зиёд ва олии изҳори ғаму андӯҳ ва раҳму дил-сӯзӣ бо нидоҳои таркибии типи сад афсӯс, сад ҳайф, ҳазор афсӯс, бисёр афсӯс, хеле афсӯс, ҳай дареғ, во дареғ, эй аф-сӯс ва ғайра ифода мешавад:

Ҳай дареғ, сад дареғ, чаро ин одами навомади ноозмудро барои ин кор фиристодам (С. Айнӣ). Ку ҳамон? Ку таноби имрӯзӣ? — Ку, куҷо шуд? Чаро ба гардан нест? — Оҳ афсӯс, сад ҳазор афсӯс! (Пайрав).

Нидоҳо, ки далелу даъво ва таъкиди ягон чизро ифода

пешина
аз 457
навбатӣ