Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

мекунанд ва ё тақдир кардану баҳо додани эмоционалиро нишон медиҳанд, гурӯҳи алоҳидаро ташкил мекунанд ва чун ҷумлаи хитобии эмоционалӣ ба назар мерасанд:

Бемазагӣ! Ман ҳозир телефон мекунам («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). «Дурӯғ, тӯҳмат!» гӯён деҳқонони дигар ҳам овоз баланд карданд (С. Айнӣ). Даҳшат, даҳшат! Ба арвоҳи ҷамъи бузургони Бухоро қасам, шумо сипаҳсолор, марди худобехабаред! (С. Улуғзода).

Нидоҳои эмоционалие, ки маънои устувор доранд ва аз таркибҳои идиомавӣ омадаанд, гурӯҳи махсусро ташкил мекунанд.

  1. Фразеологизмҳо, ки маънои тасдиқ ва ё инкори ҳаяҷонбахш (гоҳо бо тобиши маънои таҳдид, дӯғу пӯписа ва ғайра), ифодаи қаноатмандӣ, хурсандӣ, хушнудӣ, миннатдорӣ доранд:

Ба чашм! Ҳар коратон бошад, ба ҷону дил, мувофиқи дилхоҳатон мекунам (С. Айнӣ). Э-Э, амакҷон! Охир, ман ба куҷо ҳам мерафтам? Ба хона-дия. Сабил монад, имрӯз ҳам дар хонаи мо об нест («Хорпуштак»). «Марҳамат, ба ҷону дил» — дарҳол розӣгӣ дод акои Олим бо овози баланд (Ф. Ниёзӣ).

  1. Фразеологизмҳо, ки ба гурӯҳи нидоҳо гузашта, ногаҳонӣ, тасодуф, тааҷҷуб, шубҳа, беэътимодӣ ва гоҳо ҳайрату таҳайюрро ифода менамоянд: Кори калон! Ана ин ба ҳама маъқул мешавад (С. Улуғзода). Шимоён раветон, раветон. Ин кори шумо. Аммо ман дигар ба остонааш қадам намемонам. Магар ҳамин ҳам одамгарию одоб аст? Ана гапу! (Р. Ҷалил).

  2. Ибораю таркибҳои фразеологии, ки маънои ҷасорат, ҷуръат, бебокӣ ва гоҳо пушаймонӣ, ноумедӣ ва маъюсиро нишон медиҳанд:

Ё бахт! Бригадиратон дар ҷонам занад! (С. Улуғзода). Вой ба ҳоли ман! Кораш ба прокурор афтодааст. Ҳоли гирифта қава кунанд, чӣ мегӯед? (С. Улуғзода).

  1. Ибораю таркибҳои фразеологии, ки маънои масхара, тамасхур, истеҳзо, мазоҳ, норизоят, ханда, ришханд, таҳқир, ҳақорат, беэътиноӣ, нафрат ва ғайраро ифода мекунад:

Дод аз дасти фиребгар! Илоҳӣ дастат шиканад баргдузд (С. Улуғзода). Сабилу зор монад! Охир ин ҳавлӣ на болохона дораду на таҳхона, на телефону на ванна (Р. Ҷалил).

  1. Ибораю таркиби фразеологӣ, ки ифодаи таҳқир ва дӯғу пӯписа дорад:

Хуб, манаҳ ях! Равед, кампирбегим, мо худамон гапзанон мекунем («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). Аввал дусад сӯми роҷеъулнакдро ба ман меқаппонед, ман рафта талоқномаатонро оварда ба дастатон медиҳам, баъд марҳамат, чор тарафатон қибла! (С. Улуғзода).

пешина
аз 457
навбатӣ