Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Нидои амр

Нидоҳои амр аз нидоҳои эмотсионалӣ аз ҷиҳати маъно, аз рӯи вазифаи худ ва гоҳо аз бобати сохт фарқ мекунанд. Нидоҳои амр воситаи изҳори ирода (фармон, амр, манъ кардан ва ғайра) мебошанд.

Нидоҳои амр унсури эмотсионалӣ низ доранд ва дар баробари ифодаи изҳори ирода муносибат ба муҳитро низ нишон медиҳанд. Шаклҳои гуногуни ин муносибат (хоҳиш, дархост, тавалло, илтиҷо, зорӣ, манъ кардан, фармон, таҳқир ва ғайра) ба воситаи нидоҳои амр ифода меёбанд.

Нидоҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳам эмотсионалӣ ва ҳам амрӣ номидан мумкин аст. Чунин аст нидои аллае-аллае, ки ҳангоми хобонидани таскини кӯдак истифода мешавад. Ин нидо дар асл даъвати хоб аст, вале баробари ин навозиш, меҳрубонӣ, дӯстдорӣ, лутфу шафқатро низ нишон медиҳад.

Нидоҳои амр аз рӯи маъно ва вазифа ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

  1. нидоҳои даъват ва ҷеғ задан: эй, ҳой, ҳон, ҳо, ӯй-ӯй, ув, уув, у, аё, ой, ё, о, ало, аллае (аллае-алла), лаббай, доде, чавре ва ғ. Мисолҳо:

Эй, азизам магар дар Ленинград ба ғайр аз Стеблев дигар чизи хуб нест? («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). Ҳой, ҳой мардак! Даҳонатро пӯш, ношукрӣ накун! («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»). Ало!... Ало!... Ало!... Мавҷ... Барқ... Радио... Ало!... Ало!... Ало!... Ҳар сӯ нигар ба мавҷи ҳаво.— Зи барқи радио, дар синаи ҳаво... (П. Сулаймонӣ). Гӯяд: тезтар калон шав — Дар Ватан паҳлавон шав...— Акнун чашмонатро пӯш — Осуда хоб рав! Алла, ҷон алла! (А. Лоҳутӣ). «Бозорбой?». «Лаббай!». «Даҳ таноб замини худатро ба Яъқуббой ба бадали ҳазор танга ба байъи шаръӣ фурӯхт?». «Фурӯхтам» (С. Айнӣ).

Ин нидоҳо дар баробари нишон додани маънои умумии даъват ва ҷеғ задан боз вобаста ба хусусияти шароиту муҳити нутқ тобишҳои гуногуни маъно зоҳир мекунанд. Аз ин нуқтаи назар онҳо ба нидоҳои эмотсионалӣ наздик мешаванд. Масалан, нидои эй тобиши маъноҳои зеринро ифода карда метавонад:

а) ҳасрат, андӯҳ, дареғ, хафагӣ, алам:

Эй нури чашм, оҳ Мунира, куҷо шудӣ? — Ногаҳ чӣ шуд, ки аз мани мискин ҷудо шудӣ? (П. Сулаймонӣ);

б) нобоварӣ, шакку шубҳа:

Эй, Рӯзиев одами хурд аст. Зӯраш намерасад. Мумкин аст, ки ин кори Карпович бошад? («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»);

в) хоксорӣ, рад кардан, норозӣгӣ:

Эй, чой чӣ даркор! («Пьесаҳои драматургони Тоҷикистон»).

пешина
аз 457
навбатӣ