Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
г) даъват, чор, муроҷиат: Вақти он аст, эй қалам! Бур-рандатар гардӣ зи теғ! — Вақти он аст, эй сухан! Ғурранда-тар гардӣ зи барқ (Ҳ. Юсуфӣ).
д) таҳайюр, тааҷҷуб, ҳайронӣ:
Эй ... дар ин ҷо як авул пайдо шудааст-ку (С. Айнӣ);
ж) ҳиҷолат, ташвиш, таассуроти хафагӣ:
Эй, рӯз қариб пешин шудааст-ку. Ман рафта нормаи ху-дамро кор кунам (С. Айнӣ);
з) таҳният, муборакбодӣ, табрик:
Эй, саломулайкум, Зарифзода, хуб сиҳат-саломатакак ҳастӣ? Кай омадӣ? (Р. Ҷалил);
и) пешакӣ огоҳонидан: Эй холача, шумо ба миён надаро-ед («Пьесахӯй драматургони Тоҷикистон»).
- нидоҳое, ки талаби риояи хомӯшӣ ва итоатро ифода менамоянд:
Хомӯш! Кирдори ту, аҳволи оилаи ту мардумро нотинҷ кард, ҳамаро аз кор монанд («Пьесахӯй драматургони Тоҷи-кистон»). Ором! Аз роҳи кура баромада намешавад, ин ҷо дар рӯ ба рӯ хонаҳои сиёҳ аст (С. Айнӣ). Чим! Овозата наба-рор! (С. Улуғзода). Диққат! Боз диққат! Шунавандагони мӯҳ-тарам! Радиои Хорпуштак шунавонидани ниммусиқии навба-тии худро... сар мекунад («Хорпуштак»);
- нидоҳое, ки аз дигар ҳиссаҳои нутқ омадаанд, ҷараёни тағйири маъноро аз сар мегузаронанд. Дар қатори онҳо як гурӯҳ калима, таркиб, ибора ва ифодаи соҳаи дин ҳаст, ки бо мурури замон маънои аслиашро тағйир дода, ба нидо гу-заштаанд. Чунинанд нидоҳои омин, илоҳо, астағфирулло, ал-ҳазар, тавба, валлож, ба худо, ба ҳурмати нон, ба арвоҳи па-дарат, биллохӣ, валлоҳу биллоҳ, иншооллоҳ ва ғайра:
Омин! Ҳар рӯз ҳоҷаамон зан гиранд, тӯй кунанду мо дуо-гӯён тӯй хӯрда, ба ҳаққи ин кас дуо кунем... Омин, оллоҳу ак-бар! («Пьесахӯй драматургони Тоҷикистон»). Астағфирул-ло!... Ба ин нодон чӣ гӯям? (Р. Ҷалил). Гарданаш русу даст бур-дам, туррааш дастам газид — Алҳазар! Дар шохи гул ман мор пайдо кардаам (А. Лоҳутӣ). Дили ту пок аст? Тавба! Ту чӣ гуфтан мехоҳӣ? (С. Улуғзода);
- гурӯҳи нидоҳое ҷудо мешавад, ки аз рӯи сохт ва маъно гуногунанд. Аксари ин нидоҳо бештар дар шакли тасрифии феъл меоянд, чунончи: мужда, хизмат, ба хайр, монда нашавед, саломат бошед, зинда бош(ед), шаҳ бош(ед), шод бош(ед), намеарзад, гардам ва монанди инҳо. Ин нидоҳо маънои фараҳмандӣ, аҳволпурсӣ, хайрхоҳӣ, илтимос, хоҳиш, муборакбодӣ, тақдир кардан, фурӯтанӣ ва ғайраро ифода менамоянд.
Мужда! Эй сайди марҷвори вафо, — Ёр баҳри шикор меояд (П. Сулаймонӣ). «Хизмат, раис?» — дар пеши дар ҳозир шуда гуфт Улфатов (Ф. Ниёзӣ). Ба хайр, Гулнор? Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? (С. Айнӣ). Ана ин, ана ин корро накунед,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор