Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

овозу садо ва таъсиру акси предмету ҳодисаҳоро дар бар мегиранд:

Овозҳои аз он ҷо баромада суст, паст ва як пичир-пичири номаълум буд (С. Айнӣ). Оромии шаби торикро ғайр аз хишир-хишири бедаҳай ва гоҳе гуп-гупи пойкӯбии аспон чизе халалдор намекард (С. Улуғзода). Акнун садои тирпаррониҳои милтиқ, та-та-таи пулемёт, овози одамон торафт аз наздик шунида мешуд (Р. Ҷалил). Шибир-шибир-шибири донаҳои борон бин, — Ки мужда медиҳад аз вусули кишту кор (П. Сулаймонӣ).

Хусусиятҳои синтаксисии калимаи тақлидӣ аз он иборат аст, ки вай дар сохтани ибораҳои озод фаъолона иштирок карда, яке аз ҷузъҳои он (ё ҷузъи асосӣ ё ҷузъи тобеъ)-ро ташкил мекунад: тақ-тақи дар, гулдур-гулдури ҳаво, садои чиринг-чиринг, овози хишир-хишир ва ғайра.

Дигар ин, ки калимаи тақлидӣ дар ҷумла ба вазифаи ҳамаи аъзоҳои ҷумла омада метавонад:

Вақте ки ман дарро накушодам, тақ-тақ боз такрор шуд (Ҷ. Икромӣ). Ин гапро шунида, ҳарду гӯши Сафар ҷарангос зад (Ф. Ниёзӣ). То кай ба ноз мегузарӣ ту хашар-хашар, — Ман то ба кай зи пушти ту тозам тапар-тапар (П. Сулаймонӣ). Ҷӯйчаҳои оби соф, ки аз фарози кӯҳ ба нишеб аз санге ба санге ҷастухез карда мефуромаданд, аз шилдир-шилдири оҳангдори худ бо мурғони нағматироз ҳамовозӣ мекарданд (С. Айнӣ). Як садои гумбур-гумбури бисёр бадҳайбате Ёдгорро аз хобаш бедор кард (С. Айнӣ).

Калимаи тақлидӣ дар мисоли якум ба вазифаи мубтадо, дар мисоли дуввум ба вазифаи хабар, дар мисоли саввум ба вазифаи ҳол, дар мисоли чаҳорум ба вазифаи пуркунанда ва дар мисоли панҷум ба вазифаи муайянкунанда истифода шудааст.

пешина
аз 457