Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

чуқуриҳои гузаргоҳи худ хобонда, роҳи худро ҳамвор мекунад (С. Айнӣ). Вақт аз ними шаб гузашта буд. Садои аккос ва аввоси понздаҳ-бист саг, ки аз тарафи деҳаи Қарахонӣ ба якборагӣ баромад, дар ин дашти бедолу дарахт паҳн шуда, ҳама ҷоро фаро гирифт (С. Айнӣ).

  1. Суффикси безадаи -и серистеъмол ва сермаҳсул нест. Калимаҳои тақлидие, ки ба воситаи ин суффикс сохта мешаванд, асосан барои шарҳу эзоҳи амалу ҳолати хабар меоянд, яъне онҳо ҳамчун зарф намоён мешаванд. Калимаҳои тақлидии бо суффикси -и дар ҷумла дар ду шакл ба вазифаи ҳол меоянд: дар шакли аслӣ (тараққи кушода шуд) ва бо калимаи «карда», ки чун пасоянд намоён мешавад ва аҳамияти таъкидиву тасвирӣ дорад (тараққи карда кушода шуд). Шакли дуввум серистифода аст:

Хуни Сафар якбора ба ҷӯш омада, гурси худро аз болои асп ба замин партофту рост ба тарафи дарвоза омад (Ф. Ниёзӣ). Пас аз фурсате садои гурси карда аз сақфи регхона ба замин афтодани як чизи вазнин омад (С. Айнӣ). Ба ногаҳ гунҷишки Маҳмуд фарри карда аз таги куртааш баромаду ба пилтасабади модаркалонам даромад (С. Улуғзода).

  1. Суффикси -ус низ калимаи тақлидӣ месозад, аммо миқдори онҳо дар ниҳояти камист. Аз эҳтимол дур нест, ки суффикси -ус варианти суффикси -ос бошад. Аммо суффикси -ус фақат ба шакли такрори калимаи тақлидӣ ҳамроҳ шудааст:

Ҳамаи мурғон бо як овоз куд-кудус, куд-кудус гуфта гурехтанд («Хорпуштак»). Ҳамсояи мо ҳар вақте ки аз назди хирман мегузашт, монанди хурӯс куд-кудус гуфта садо мекард, ки хирманакиҳо аз овози ӯ бедор мешуданд («Тоҷикистон советӣ»).

  1. Инфикси -о- низ калимаи тақлидӣ сохта метавонад, аммо нисбат ба суффикси -ос (-ас) каммаҳсул аст:

Даръӯи сурб ҷӯшон, — Монанди сели оташ, — Ҳам шӯълаҳо хурӯшон, — Дорад басо фашофаш («Садои Шарқ»). Себу анор талапоталап ба замин афтида, ба ҳар тараф чар шудан гирифтанд («Садои Шарқ»).

Ба ҳамин гурӯҳ инчунин калимаҳои тақлидие медароянд, ки ба воситаи инфикси -а- сохта шудаанд. Ин инфикс, ки дар асл ба забони гуфтугӯ хос аст, дар сохтани калимаҳои тақлидӣ аз инфикси -о- тафовуте надорад, яъне онҳо варианти якдигар мебошанд:

Дар ароба тахтаҳои дароз-дароз бор карда буданд, як нӯғашон ба замин мерасид. Ароба тақатак карда роҳ мерафт («Садои Шарқ»). Поезд ҳуштаки дурударозе кашиду тақатак-тақатак карда ба роҳ даромад («Садои Шарқ»).

Б. Калимаҳои тақлидӣ инчунин бо роҳи такрор сохта мешаванд. Бо роҳи такрор сохтани калимаҳои тақлидӣ бисёр сермаҳсул ва серистеъмол аст. Калимаҳои тақлидие, ки бо усули такрор сохта шудаанд, ҳамаи гурӯҳҳои семантикии

пешина
аз 457
навбатӣ