Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Архаизмҳо дар натиҷаи кӯҳна шудани ягон маънои калимаи сермаъно ва ба ҷои он маъно серистеъмол шудани калимаи дигар низ пайдо мешаванд. Ин ҳодиса хусусан дар забони адабиёти классикии тоҷик бештар мушоҳида мешавад.
Масалан, калимаи фароз ба маънии кушода ва баста, ёл ба маънии мӯйҳои гардани хару асп ва монанди ин, ҳамчунин ба маънии гардан ва бозу истеъмол шудааст. Дар натиҷаи ба ҷои маъноҳои дуюми ин калимаҳо ба тадриҷ серистеъмол шудани муродифҳои онҳо ин маъноҳо ба архаизм табдил ёфтаанд. Ҷараёни инкишоф ва тангшавии доираи маъноии калимаҳо, ки қисман ба ҳодисаи архаизм дахл дорад, хеле мураккаб аст. Душвор аст гӯям, ки як қатор калимаҳои сермаънои архаизмшуда умуман сермаъноянд, ё дар натиҷаи маънои дигар пайдо кардан маънои мавҷудаашон кӯҳна шуда ба архаизм табдил ёфтааст ё таври дигар.
Дар доираи маънои калима мушоҳида кардани ҳам маънои кӯҳна ва маънои нави калимаи сермаъноро ва аз ҷумла яке аз маъноҳоро архаизм меномем ё таври дигар — масъалаест, ки тадқиқоти амиқи лингвистӣ мехоҳад. Масалан, калимаи поварақ дар адабиёти асри XVIII ба маънии калимаи аввали саҳифаи якуми варақи сонӣ, ки дар поёни саҳифаи дуюми варақи аввал навишта мешуд, истеъмол ёфтааст. Дар дастнависҳои пешина ин калима дар охири варақ барои мураттаб нигоҳ доштани варақҳои китобҳо, ки рақами саҳифаҳои онҳоро намегузоштанд, навишта мешуд. Масалан, соҳиби луғати «Чароғи Ҳидоят» (асри XVIII) барои тасдиқи маънои ин калима байти зеринро аз шеъри Туғро овардааст:
Гӯшагир авроқи гардунро бувад чун поварақ,
Поварақ созад дуруст авроқро чун абтар аст.
Ҳоло поварақ ба маънии қайду эзоҳҳои поёни саҳифа, ки ба матни асосӣ бо ягон сабаб дахл дорад, истеъмол мегардад. Дар истилоҳи китобнависии пештара ин мафҳум низ ба воситаи маънои «ҳошия» ифода мегардад. Ба ҳамин тариқ, маънои аввалии поварақ ҳоло кӯҳна шуда, ин калима ба маънои нав истеъмол шуда истодааст. Ҳамин навъ маънои пештараи калимаҳои коргар — муассир, асаркунанда, ҷома — ҳар матои нодӯхта ҳоло ба маънои архаистӣ табдил ёфтаанд. Ин гуна маъноҳои кӯҳнашудаи калимаҳои сермаъно архаизмҳои семантикӣ ё маъноӣ номида мешаванд.
Чӣ тавре ки мебинем, архаизмҳо бо роҳҳои гуногун пайдо мешаванд. Ягон мафҳум, предмет ё амал барои ифода дар забон якчанд синоним дошта метавонад, вале дараҷаи истеъмоли ин синонимҳо як хел набуда, аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар натиҷа яке ҷои дигареро гирифта, доираи истеъмоли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё