Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

онро танг кардан мегирад ва дуюмӣ ба архаизм табдил меёбад. Архаизмҳо дар асоси аз забонҳои дигар гузаштани калимаҳо, ки дар забони худӣ ба пайдо шудани синонимҳо сабаб мешаванд, низ ба вуҷуд меоянд. Мавриди ба як маъно каму бисёр истеъмол шудани ин гуна калимаҳои синонимӣ яке ҷои худро ба дуюмӣ дода ба архаизм мегузарад. Ҳолати дигари пайдоиши архаизм ба ягон маънои калимаи сермаъно мувофиқ омадани маънои калимаи дигар аст, ки дар натиҷаи серистеъмолии он ҳамон маънои калимаи сермаъно ба архаизм мубаддал мегардад.

Дар қатори лексикаи кӯҳнашуда инчунин бисёр калимаҳоро дидан мумкин аст, ки хоси замонҳои гузашта буда, маънову мафҳумҳои дар муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамон замон ташаккулёфтаро ифода менамоянд. Масалан, фуқаро, авом, камина, махдум, арбоб, асилзода, валиаҳд, малик-уш-шуаро, мавлави, мавлоно, мавло, бибиотун, бибихалифа, азозил, аллоф, баққол, ирим, кобин, маҳр, боҷ, кафсан, дайр, гӯлах, бақар, бозоргон ва ғайра осори кӯҳнагӣ доранд ва ба гурӯҳи пассиви лексика мансубанд.

Дар истеъмол ва муносибатҳои ин гуна калимаҳо ҳодисаҳои дигарро низ мушоҳида кардан мумкин аст. Баъзан калимаи архаизм аз нав серистеъмол шуда, хусусияти архаистии худро гум мекунад. Ҳамин ҳолатро дар мисоли баъзе калимаҳои тоҷикӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, модарандар дар қадим низ дар забон истеъмол мешуд, ки далели он байти устод Рӯдакӣст:

Чаҳоно, чӣбинӣ ту аз бачагон,
Ки гоҳ модарӣ, гоҳ модарандарӣ.

Ин калима дар баъзе лаҳҷаҳои ҷанубии тоҷикӣ дар шакли моиндар (инчунин падарандар — пияндар) боқӣ мондааст. То ҳол барои ифодаи мафҳуми модари ғайрихудӣ калимаи иқтибосии ӯгайро истифода карда, таркибҳои модари ӯгайро кор мефармуданд. Ҳоло ба ҷои модари ӯгай аз сари нав модарандар истеъмол шуда истодааст, вале андар бо ҳамаи калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои хешутаборӣ калима сохта, ҷои калимаи ӯгайро гирифта наметавонад. Масалан, барои ифодаи мафҳуми фарзанди ғайрихудӣ таркиби фарзанди ӯгайро истеъмол намудан лозим меояд.

Мисоли ҳамин барои ифодаи замонҳои гузаштаи хеле дур бештар калимаҳои қадим, қадимӣ, антиқ истеъмол мешуд ва калимаи бостон ба ин маънӣ камистеъмол буд. Ҳоло барои ифодаи ин мафҳум калимаи бостон бештар истеъмол шуда истодааст. Бештар истеъмол шудани ин қабил калимаҳо мумкин аст онҳоро аз доираи архаистӣ берун барорад, вале ин гуна ҳодиса ба тараққиёти объективии забон, ба шароити дохилӣ ва вазифаи ҷамъиятии он такя мекунад. Дар ин

пешина
аз 457
навбатӣ